ТАРБИЯ АЗ НИГОҲИ АБДУЛЛО АВЛОНӢ

ТАРБИЯ АЗ НИГОҲИ АБДУЛЛО АВЛОНӢ

  • Post category:Фарҳанг


Тарбия дар ҳама давру замон муҳимтарин масоили ҷомеа буд ва хоҳад монд.
Тарбия дар ҳама давру замон муҳимтарин масоили ҷомеа буд ва хоҳад монд. Солимӣ ва муносибату муоширати одамон аз дуруст ба роҳ мондани тарбия алоқамандӣ дорад.Тарбия имрӯз низ ба муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло зиёд ба назар мерасад, ки меҳру оқибат хеле коҳидааст, ҳатто баъзан падару писар ҳам бо ҳам созиш надоранд. Шабакаҳои интернетӣ, кино ва сериалҳои ба тинати мардуми мо бегона, масоили молу сарват кори тарбияро боз ҳам душвортар кардаанд. Ҷавонон ба ҳар гуна равияю ҷараёнҳои иртиҷоӣ мепайванданд. Ҳаракатҳои террористӣ ва экстремизми динӣ ба вабои аср мубаддал гардидааст.
Мо қарор намудем, ки дар заминаи «Гулистони туркӣ ё ахлоқ» ном асари Абдулло Авлонӣ назари муаллифро ба кори тарбия баррасӣ намоем.
Авлонӣ чун адиб ва маърифатпарвар сабаб ва оқибатҳои аз тараққиёт қафо мондани кишварро хуб дарк карда буд. Ӯ омили асосии қафомонии тараққиётро дар «бемории халқ», яъне дар бемаърифатии мардум дидааст. Муаллиф тараққӣ ва пешрафти кишвар, осудагӣ ва фаровонии ҳаёти мардумро ба кори тарбия алоқаманд дониста навишта буд: «…Тарбия барои мо масъалаи ҳаёт ё мамот, наҷот ё ҳалокат, саодат ё фалокат аст».
Аз нигоҳи Авлонӣ инсон аз ду чиз: яке ҷасад ва дуюмӣ нафс таркиб ёфтааст. Пас ӯ тарбияро низ дар ҳамин «ду чиз» мебинад. Мегӯяд, ки ҷасад, яъне вуҷуди инсон, ҳамеша ба тарбияи бадан муҳтоҷ аст. Солимӣ ва сиҳҳатии инсон ба тарбияи бадан ва покизаю озода нигоҳ доштани он алоқамандӣ дорад. Тарбияи бадан бояд аз овони тифлӣ ибтидо гирифта, тӯли ҳаёт идома ёбад. Солимиву бақувватӣ калиди ҳама гуна комёбӣ дар зиндагӣ мебошад. Имрӯз дар кишвари мо орзуҳои ин маърифатпарвар ҷомаи амал мепӯшанд. Ин масъалаи муҳим дар сиёсати давлат оид ба ҷавонон баррасӣ ва ба ҳаёт татбиқ мегардад. Варзиш чун сарчашмаи саломатӣ ва бақувватии мардум дар кишвар оммавӣ мегардад.
Тарбияи нафс аз нигоҳи Авлонӣ ду ҷараён дорад. Яке тарбияи фикр буда, дувумӣ тарбияи ахлоқ аст. Муаллиф зери ибораи «тарбияи фикр», пеш аз ҳама, маънавият, маърифат, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва озодандешии одамонро дар назар дорад. Тарбияи ахлоқ, ки дар рафтору гуфтори инсон зуҳур меёбад, ба тарбияи фикр алоқаманд аст, «вуҷуди яке аз вуҷуди дигар вобаста буда, онҳо ҳамчун ҷону тан мебошанд». Шоир ва педагоги моҳир ҳар як намуди тарбияро дар алоҳидагӣ тавзеҳ додааст.
Тарбияи фикр, яъне ташаккул додани тафаккур. Албатта, шахси бомаърифат ҳамеша бо замон ҳамнафас, худогоҳу озодандеш аст ва ба ҷомеа таъсир ва манфиати бештар дорад. Ин гуна ашхос дар рушду нумӯи кишвари худ саҳми бештар мегузоранд.
Имрӯз мо ба тарбияи фикрӣ муҳтоҷем. Аз гузаштагони худ – Рӯдакию Дақиқӣ, Фирдавсию Мавлонои Балхӣ, Саъдию Ҳофиз, Имом Бухориву Баҳоуддини Нақшбанд ва ҳазорҳо нафар саромадони илму адаб кам, ё батамом огоҳӣ надорем. Худро намешиносем. Бештар аз пайи молу сарватем. Аз ин рӯ тарбияи фикрӣ ва ахлоқиамон хеле коҳидааст. Меҳру оқибат, худшиносиву озодандешӣ рӯ ба таназзул аст.
Агар ин тавр намебуд, муносибати мо ба минбари ягона ба забони модарӣ – «Овози тоҷик» чунин сурат намегирифт.
Тангир РАҲМОНОВ, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 30-юми ноҳияи Нурато.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ