Муносибати нодурусти имрӯзаи устоду шогирд аз бадахлоқии хонанда ва ё бетаҷрибагии муаллим аст?


Дар шафати Масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ як гурӯҳ ҷавондухтару ҷавонписарон меистоданд. Як нафари онҳо дар даст телефони мобилии замонавӣ чизеро ба атрофиён нишон медод. Нафари дигар бошад, бо ҳар гуна суханҳои бад духтараконро асабонӣ мекард. Назди онҳо як зани тахминан 35-38 сола меистод. Вай ду се маротиба бачаҳоро огоҳ кард, ки худдорӣ кунанд. Аммо онҳо ба суханҳои ӯ аҳамият надоданд. Гумон кардам, ки зан низ чун ман роҳгузар аст. Охир, косаи сабри зан лабрез шуд магар, ҳамон нафари беодобе, ки ба духтарон суханҳои бемаънӣ мегуфт, сахттар дашном дод. Ҳамин вақт, «Шумо ба ман кордор набошед, ман ба шумо гап назадаам. Ин ҷо берун аз мактаб аст. Шумо дар дохили мактаб метавонед ба ман ақл ёд диҳед» – гӯён қариб монд, ки ба зан даст бардорад. Маълум шуд, ки зан муаллимаи онҳо асту хонандагонро барои шиносномагирӣ овардааст. Овози баланди ӯ диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Чанд нафар калонсолон ҳамон писараку ҳамсинфонашро сарзаниш карданд. Муаллима чун себ суп-¬сурх шуду аз шарм чизе гуфта натавонист.
Вақтҳои охир, ба ин гуна рафтору кирдори ҷавонон дар ҷойҳои ҷамоатӣ бисёр шоҳид мешавем. Ҳар гоҳ кас ба андеша меафтад, ки чаро имрӯз баъзе ҷавонон ин қадар асабиву бадахлоқ шудаанд. Аминам, ки ҳар яки Шумо низ муносибати онҳоро бо аҳли оила ва атрофиён дида, ангушти ҳайрат газидаеду андеша мекунед, ки ояндаи онҳо чӣ мешавад? Шояд ба ин аз Ватану оила дур будани падару модарон сабаб бошад. Охир, дар тарбияи ҳар як фарзанд меҳри оташини модарону панду насиҳат ва сахтгирии падарон аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ин, сабаб дар чист, ки имрӯз хонандагон ба муаллимон бо овози баланд, гӯё ки ҳамсолашон бошанд, ҳарф мезананд. Солҳои мактабхониамро ёдовар мешавам. Агар бо устодон хоҳ дар мактаб рӯ ба рӯ оему хоҳ дар берун аз мактаб вохӯрем, бо дасти адаб салом дода, ба як сӯ меистодем, онҳо ки аз назди мо дур рафтанд, баъд роҳамонро давом медодем. Оё ин аз бетарбиягиву бадахлоқии хонанда, ё аз бетаҷрибагиву дониши кофӣ надоштани баъзе аз «муаллимон» аст.
– Дуруст гуфтед, солҳои пеш як бачаро мардуми ҳафт маҳалла тарбия мекард. Ҳоло бошад ҳатто ба фарзанду набераи худатон низ гапатон намегузарад, – гуфт сокини маҳаллаи Қӯшкӯпруки ноҳияи Самарқанд Муҳиба Тиллоева. – Имрӯз ба фарзанди мардум ягон гапи зиёдатӣ зада наметавонед. Агар кори хатояшро бинед, ҳам ба чашм пӯшиданатон рост меояд. Бо ман ин гуна вокеаҳо бисёр рух додааст. Рӯзе як хонандаи мактабро дидам, ки сигор мекашид. Наздаш рафта сигорашро аз дасташ гирифтам. Бо суханҳои нарм фаҳмонидам, ки ҳоло вай кӯдак асту сигор ба саломатӣ зарар дорад. Писарак чизе нагуфта, роҳашро давом дод. Аммо рӯзи дигар модараш наздам омада бо қаҳру ғазаб «Шумо писари маро чаро сарзаниш кардед. Ҳоло падару модари вай ҳаёт аст. Худам ҳам метавонам некиву бадиро фаҳмонам. Ғайр аз ин ӯ бобову бибӣ дорад. Ҳоло сарзаниш кардани бачаҳо мумкин нест. Зеро ӯ дар синни балоғат асту ҳар гуна суханҳои пасту баланд ба рӯҳияти ӯ таъсири манфӣ мерасонад», – гуфт. Хулоса, ман бетарбиягиву бадахлоқии баъзе ҷавононро аз беэътибории волидон мешуморам.
– Фарзанд тарбияро аввало дар оила мегирад, – гуфт Фирӯза Ғаффорова, муаллимаи мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Самарқанд, дорандаи унвони Муаллими халқии Ӯзбекистон. – Баробари ин, дар ин бобат бояд муаллимон низ ҳушёр бошанд. Гуфтаниам, ки аввало ҳамкории падару модарон ва муаллимонро мустаҳкам ба роҳ мондан лозим аст. Бачаҳои имрӯза ташнаи меҳранд. Зеро, бисёрии падару модарон дар хориҷа кор мекунанд. Бинобар ин, дар таълиму тарбия муаллимон меҳрубону рамузфаҳм шуданашон аҳамияти калон дорад. Муаллими соҳибтаҷрибаву доно метавонад амали номақбули шогирдро бо меҳрубониву суханҳои мулоим фаҳмонад. Дар натиҷа, худи хонанда аз кори кардааш шарм дошта, дигар ба он даст намезанад.
Дилафрӯзи РАҲМОН

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ