Вохӯрии сенаторон бо журналистҳои Самарқанд

Вохӯрии сенаторон бо журналистҳои Самарқанд


Дар Хонаи матбуоти вилоят бо аъзоёни Сенати Олий Маҷлис ва вакилони воситаҳои ахбори оммавии Самарқанд вохӯрӣ ба амал омад.
Нахуст сенаторон бо фаъолияти нашрияҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр, комиссияҳои доимӣ шинос гардиданд. Аз ҷумла, бо корбарии рӯзномаҳои вилоятии «Овози Самарқанд», «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» ва рӯзномаҳои ноҳивию шаҳрӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулгардида аз ҷониби онҳо, қарорҳои мақомоти ҳокимияти иҷрогар, инчунин, баромадҳои депутат ва сенаторон дар рӯзномаҳоро аз назар гузаронданд. Баъди ҳамин, сенаторон Толибҷон Мадумаров, Маҳмуд Парпиев ва дигарон бо журналистони самарқандӣ вохӯрда, оиди касби рӯзноманигорӣ, вазифаи пуршараф будани онҳо ва ғайра ҳарф заданд. Сипас, аз музейи таърихи матбуоти вилоят дидан карданд ва бо экспонатҳои он шинос гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ