Коронавирус аз марзи кишвари ҷанубитарини Африқо убур кард


Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) нахустин мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора нашри The Jerusalem Post ба нақл аз вазорати тандурустии ҶАҶ хабар дод.
Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои сирояткунандаи ҶАҶ ин хабарро тасдиқ кард.
Бемор марди 38-сола мебошад, ки бо ҳамсари худ ба Италия сафар карда буд. Онҳо бо гурӯҳи 10-нафарӣ дар Италия саёҳат карданд ва рӯзи 1 март ба кишвари худ бозгаштанд.
Чанде пеш дар Босния ва Герсеговина низ нахустин беморӣ аз вируси COVID-19 сабт шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ