Муъовини ректори донишгоҳи давлатии Фарғона боздошт шуд

Муъовини ректори донишгоҳи давлатии Фарғона боздошт шуд


Муъовини ректори донишгоҳи давлатии Фарғона, ки номаш пинҳон дошта мешавад, ба занни он, ки 18 нафар довталабро ба сурати ноқонунӣ дар соли таҳсили 2019-2020 ба донишгоҳ дохил кардааст, боздошт шуд.
Ҳаёт Шамсутдинов, раиси маркази матбуъотии додситонии (прокуратура) кулли Ӯзбекистон дар ин бора хабар дод.
Гуфта мешавад, ки додситонии шаҳри Фарғона дар ин маврид бар асоси банди “б”-и моддаи 228-и кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар пайи тафтишҳо маълум шуд, ки муъовини ректори донишгоҳ дар имтиҳони қабули факултаи “Маданияти ҷисмонӣ” барои соли таҳсили 2019-2020 котиби масъули комиссия таъин шуд. Ӯ дар ин ҷараён натиҷаи имтиҳони 18 нафарро ба таври сунъӣ болотар нишон дод ва омили дохил шудани онҳо ба донишгоҳ шуд.
Рӯзи 4 марти соли 2020 додситонии шаҳри Фарғона дар мавриди муъовини ректор бар асоси қисми 1-и моддаи 205 ва банди “а”-и қисми 2-и моддаи 209 парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ