Дар Сурия режими оташбас ҷорӣ шуд

Дар Сурия режими оташбас ҷорӣ шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Аз имрӯз, 6 март дар хатти миёни нерӯҳои мусаллаҳи Сурия ва мухолифони он, ки Туркия ба онҳо кӯмак медиҳад, режими қатъи ҷанг ҷорӣ шуд. Режими оташбас баъди музокираҳои чандинсоатии сарони Туркия ва Русия дар рӯзи 5 март эълон гардид.
Шоми 5 март Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба хабарнигорон дар бораи тавофуқи Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон ва мӯҳтавои музокираҳо хабар дод.
Музокираҳои раисҷумҳури ду кишвар 6 соат идома дод. Онҳо дар мулоқот тавофуқ карданд, ки дар хатти миёни нерӯҳои мусаллаҳи Сурия ва мухолифон ҳама гуна даргириҳои мусаллаҳона қатъ гардад ва то шоҳроҳи М-4 минтақаи амн эҷод шавад. Ин минтақаро низомиёни рус ва турк муштаракан назорат хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ