То поёни моҳ бозиҳои футбол дар Италия дар варзишгоҳҳои холӣ баргузор мешавад


Кулли бозиҳои чемпионати футболи Италия то 30 март дар варзишгоҳҳои холӣ, бе ҳузури ҳаводорон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора федератсияи миллии футболи Италия хабар дод.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба вазъияти паҳншавии коронавирус маҳдудияти воридшавии ҳаводорон ба варзишгоҳҳо эҳтимолан тағйир хоҳад ёфт.
Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоёни коронавирус дар Италия ба 3296 нафар расид. 414 нафар сиҳат шуданд. 41 нафар дар пайи беморӣ даргузаштанд.
Ҳукумати Италия фаъолияти кулли донишгоҳҳову мактабҳоро муваққатан қатъ карданд. Баргузории тазоҳурот мамнӯъ шуд. Ҳукумат аз мардум хоҳиш кард, ки “фаъолии иҷтимоъӣ”-ро коҳиш диҳад. Дар пайи паҳншавии коронавирус зарари чандин миллиардии иқтисоди кишвар, ба хусус, бахши сайёҳӣ ва содироти маҳсулот пешбинӣ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ