Дар шимоли Қазоқистон автобуси ҳомили шаҳрвандони Ӯзбекистон сарозер шуд

Дар шимоли Қазоқистон автобуси ҳомили шаҳрвандони Ӯзбекистон сарозер шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар вилояти Павлодари Қазоқистон автобусе, ки аз Новосибирск ба Тошканд бозмегашт, дар роҳ сарозер шуд. Дар миёни 28 тан мусофири автобус, ки 26 нафарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, касе захмӣ ё қурбони ҳодиса нашудааст. Дар ин бора КазТАГ хабар медиҳад.
Бино ба хабари идораи вазъиятҳои фавқулоддаи Павлодар, садама шаби гузашта дар километри 1160-уми роҳи Қизилӯрда-Павлодар, дар назди деҳаи Экибастуз рух додааст.
Ронандаи автобуси Mercedes, назорати фармонро (рул) аз даст додааст ва дар натиҷа автобус сарозер шудааст.
Шифокорону намояндагони пулис ва ҳукумати маҳаллӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. Баъди он, ки шифокор вазъи саломатии мусофиронро санҷид, онҳо бо дигар автомобилҳо ба роҳ идома доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ