Ҳамла ба ҷони сарвазири Афғонистон бо нокомӣ анҷом ёфт

Ҳамла ба ҷони сарвазири Афғонистон бо нокомӣ анҷом ёфт
  • Post category:Ҷаҳон


Дар раванди як тадбир дар ғарби Кобул, ки сиёсатмадорони Афғонистон дар он ширкат мекарданд, ба ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ нахуствазири кишвар суиқасд карданд, ки он бо нокомӣ анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамла ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осеб нарасидааст. Муҳофизон ӯро ва дигар мақомони баландрутбаро ба ҷойи амн мунтақил карданд.
Дар ҳодисаи тирандозӣ ҳадди ақал 27 нафар кушта ва 55 нафар захмӣ шуданд.
Ин тадбир ба поси хотири Абдуллоҳ Алӣ Мазорӣ, роҳбари “Ҳизби ваҳдат” ва шиъаҳо, ки соли 1996 аз сӯи Толибон террор шуда буд, баргузор мешуд.
Дар тадбир сиёсатмадорони шинохтаи Афғонистон, аз ҷумла, Муҳаммад Муҳаққиқ, Ҳомид Карзай, Салоҳуддин Раббонӣ ва Абдурашид Дӯстум низ ширкат ҳозир буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ