Дар сурати лағви Олимпиадаи Токио Япония беш аз $74 миллиард зарар хоҳад дид

Дар сурати лағви Олимпиадаи Токио Япония беш аз $74 миллиард зарар хоҳад дид

  • Post category:Ҷаҳон


Иқтисоди Яонияи дар сурати лағви Бозиҳои тобистонии Олимпияи Токио-2020 тақрибан 7,8 триллион иен (74,2 миллиард доллар) зарар мебинад.
Дар ин бора хабаргузории Kyodo имрӯз хабар дод.
Бино ба додаҳои ширкати молиявии Nikko Securities, агар ин эҳтимол рух диҳад, даромади ширкатҳои Япония дар соли ҷорӣ 24,4 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки намояндагони Созмони байналмилалии тандурустӣ дар конфронси телефонӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзиш ба иллати паҳншавии коронавирус имкони баргузории Бозиҳои Олимпияро дар варзишгоҳҳои холӣ баррасӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ