Чемпионати вазнабардории Осиё, ки Тошканд мезбони он мешавад, ба таъвиқ афтод

Чемпионати вазнабардории Осиё, ки Тошканд мезбони он мешавад, ба таъвиқ афтод

Рӯзҳои 16-25 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон бояд чемпионати вазнабардории Осиё баргузор мешуд. Вале ин мусобиқа ба далели таҳдиди коронавирус ба замони номаълум таъвиқ шуд. Дар ин бора маркази матбуъотии федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ (ФБВ) хабар додааст.
Дар баёнияи ФБВ чунин гуфта мешавад, “Кумитаи созмондиҳии чемпионати Осиё бо таваҷҷӯҳ ба паҳншавии коронавирус дар сартосари ҷаҳон ва маҳдудияти вирӯд ба чанд кишварҳо тасмим гирифт, ки замони баргузории мусобиқаро ба муддати номаълум таъвиқ диҳад.
Мезбонии чемпионати вазнабардории Осиё дар асл ба Қазоқистон вогузор шуда буд. Аммо паҳншавии коронавирус боис гардид, то кумитаи иҷроияи ФБВ рӯзи 17 феврал мезбониро аз Қазоқистон бигирад ва ба Ӯзбекистон супорад.
Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон иртиботи ҳавоиро бо Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Эрон, Афғонистон ва Япония қатъ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ