Иди бонувон ҷашн гирифта шуд

Иди бонувон ҷашн гирифта шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дирӯз дар тарабхонаи «Диёра»-и шаҳри Самарқанд ба муносибати иди занону духтарон тадбири бошукӯҳ баргузор гардид. Ба он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят занҳои пешқадаме, ки дар ҷамъият комёбиҳои назаррасро соҳиб гаштаанд, таклиф карда шуданд. 
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бонувонро бо ид табрик гуфта, оиди нақши занҳо дар оила, ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоии имрӯза сухан ронд.
– Дар вилоят барои бонувон 26 000 ҷойи кор ташкил карда шудааст, – гуфт Э. Турдимов. – 10 000 нафар зан бо тадбиркорӣ ва беш аз 1 000 нафар занону духтарон бо ҳунармандӣ машғуланд. Ба 3 000 зан-­духтарон кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Аз соли 1999 ин ҷониб аз вилояти Самарқанд 24 нафар духтар мукофоти давлатии Зулфияро ба даст овардаанд. Дар соли 2020 бошад 2 нафар. Зиёда аз 200 нафар сазовори мукофоти давлатӣ гардидаанд. Ҳоло қариб 200 нафар олима фаъолият доранд. 340 нафар занони ногиро ва мӯҳтоҷ бо хонаву ҷой таъмин шудаанд. Ба 5400 нафар ёрии моддӣ расонида шуд.
Дар тадбири идона ҳокими вилоят ба 36 нафар занҳое, ки дар ҳаёти ҷамият ва давлат фаъолона иштирок карда, бо меҳнати фидокоронаи худ дар ташаккул ва мустаҳкам кардани оилаҳо, ҳифзи модару кӯдак ҳиссаи арзанда гузоштаанд, нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» («Зани мӯътабар») супурд.
Инчунин, бо фармоиши ҳокими вилоят ба як қатор занону духтарон, ки бо меҳнати худ ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд, ифтихорномаҳо супорида шуд.
Бояд гуфт, ки вақтҳои охир занҳо низ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мавқеи худро соҳиб мешаванд. Ҳокими шаҳри Каттақӯрғон таъин гардидани Гавҳар Алимова мисоли равшани гуфтаҳои болоист. Ғайр аз ин, дар саросари мамлакат паси ҳам занҳо ба вазифаҳои пурмасъулият таъин мегарданд, ки ин нишонаи баробарҳуқуқии зан ва эътибор ба бонувон аст, ки аз ҷониби ҳукумат зоҳир мешавад.
Дар охири тадбир бо иштироки санъаткорони шинохтаи вилоят барномаи консертӣ доир гардид. Сипас, ҷамъомадагон назди дастархон таклиф карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ