Дар шаҳри Каттақӯрғон зан ҳоким шуд

Дар шаҳри Каттақӯрғон зан ҳоким шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Сессияи чоруми ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Каттақӯрғон шуда гузашт. Дар он ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок кард.
Ҳокими вилоят ба корҳои дар давраи гузашта дар шаҳри Каттақӯрғон амалигардида баҳои танқидӣ дод. Ғайриқаноатӣ аз фаъолият дар корҳои сохтори сектор таъкид гардид.
Ҳоким инчунин, ба масъалаҳои таълими халқ, муассисаҳои таълими томактабӣ, бозорҳо истода гузаш­та, оиди ба соҳаҳои мазкур ба дараҷаи кофӣ эътибор надодан ҳарф зад.
Дар сессия масъалаи ташкилӣ дида шуд.
Ҳокими шаҳр Ҳашимов Музаффар Казимович бино бар аризааш аз кор озод гардид. Алимова Гавҳар Зойировна, ки қаблан дар вазифаи ҷонишини аввали сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилояти Самарқанд кор мекард, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Каттақӯрғон таъин шуд.
Гавҳар Алимова дар ноҳияи Ҷомбой таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 дар мактаби рақами 16 – и ноҳияи Ҷомбой чун сарвари бачаҳо оғоз кардааст.
Ҳамчун мутахассиси комплекси муҳофизаи иҷтимоии оила, модарӣ ва бачагии Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ҷонишини раиси идораи ҷумҳурии Фонди хайриявию ҷамоатии «Маҳалла», ҷонишини раиси кумитаи Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз рӯйи масъалаҳои фан, таълим ва тандурустӣ фаъолият нишон додааст. Аз соли 2018 то соли 2020 ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи зан ва духтарон, сонитар бошад, дар вазифаи ҷонишини якуми сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилояти Самарқанд кор карда аст.
Дар сессия мудири Қабулхонаи халқи шаҳри Самарқанд Х. Шодиева, ҷонишини ҳоким Ф. Раҳимова, раиси Шӯрои шаҳрии Иттифоқи ҷавонон Ф. Наҷимов, журналист А. Ҳошимов ба сухан баромаданд. Дар сессия депутатҳо Алимова Гавҳар Зойировнаро иҷрокунандаи вазифаи ҳокими шаҳри Каттақӯрғон тасдиқ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ