Садорати нав вазифаҳои ояндаро муайян намуд

Садорати нав вазифаҳои ояндаро муайян намуд
  • Post category:Ҷаҳон

Ба қарибӣ дар бинои Садорати дастгирии маҳалла ва оилаи вилоят бо иштироки кормандони садорат ва роҳбару ҷонишинҳои шӯъбаҳои ҳудудии он ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад ҷонишини ҳокими вилоят, сарвари садорат Асқар Умаров оиди иҷрои Фармони Президент аз 18-уми феврали соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои солимгардонии муҳити иҷтимоӣ-­маънавӣ дар ҷамъият, минбаъд дастгирӣ намудани институти маҳалла ва ба дараҷаи нав баровардани сохтори кор бо оила ва занону духтарон» таҳти рақами ПФ‑5938 ва Қарори Президент «Дар бораи ташкил намудани Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ҚП‑4602 маълумот дод.
Инчунин, дар бораи ташкил намудани фаъолияти босамар дар сохторҳои поёнии Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, мазмуну моҳият ва ҷиҳатҳои босамари он сухан кард.
Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳо барои ба таври қаноатбахш ташкил намудани корҳое, ки дар соҳа бурда мешаванд, бояд эътибори алоҳида дод. Дар баъзе равияҳо камбудиҳое, ки дар давоми фаъолият роҳ дода шудаанд, зери танқид қарор гирифт.
Дар поёни вохӯрӣ роҷеъ ба ташкил намудани корҳои оянда ва зарурияти татбиқи нишондодҳо пешниҳод гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ