Ҳукумат дар бораи ҳисобкунакҳои барқ қарори навро қабул кард

Ба масрафкунандагон барои санҷиши даврии ҳисобкунакҳои барқ ҳуқуқи муроҷиати мустақим ба «Шабакаҳои ҳудудии барқ» ва ниҳодҳои вобаста ба он дода мешавад.
Қарори Девони Вазирон – «Дар бораи чораву тадбирҳои содда кардани тартиби пайваст кардани нуқтаҳои тадбиркорӣ ба шабакаҳои барқрасонӣ ва беҳсозии муҳити тиҷоратӣ» қабул шуд.
Аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар ин замина тартиби нав ҷорӣ шуд.
Бар асоси он:
– ба ҳамаи масрафкунандагони барқ барои санҷиши даврии ҳисобкунакҳои барқ ҳуқуқи муроҷиати мустақим ба «Шабакаҳои ҳудудии барқ» ва ниҳодҳои вобаста ба он дода мешавад;
– дар сурати муроҷиати мустақим ба ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» ва ниҳодҳои вобаста ба он, ҳама гуна сарфу харҷи санҷиши ҳисобкунакҳо аз тарафи ниҳодҳо пардохт мешавад.
Дар чорчӯби лоиҳаи ҷорӣ кардани сис­темаи ҳисоби масрафи барқ ва назорати автоматикии он, ҳисобкунакҳои масрафкунандагоне, ки ҷавобгӯи ин система нестанд, баъди ба поён расидани мӯҳлати истифода бо ҳисобкунакҳои ҷавобгӯи системаи автоматикӣ иваз карда мешаванд;
– ҳисобкунакҳои барқи масрафкунандагон ҳангоми муроҷиати онҳо дар сурати пайдо шудани саволҳои баҳснок дар бораи соз ё коромад будани ҳисобкунак ва тавсифҳои метрологии он мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Пешниҳоди табдил додани ширкати «Дирексияи ҷорӣ кардани системаи автоматии ҳисоб ва назорати нерӯи барқ» ба шӯъбаи ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» ва таъсиси дубораи он бо афзоиш додани ҷадвали штатӣ пуштибонӣ шуд.
Бар асоси қарори Раисҷумҳур – «Дар бораи иқдоми беҳбудии муҳити тадбиркорӣ ва такмил додани системаи пуштибонии тадбиркорӣ» (20-уми ноябри соли 2019, таҳти рақами 4525), таҳияи лоиҳаи санади меъёрӣ-­ҳуқуқии содасозии тартиби пайвастшавӣ ба шабакаи барқрасонӣ, коҳиш додани муддатҳои он барномарезӣ шудааст.
Вазорати энергетика муштаракан бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи санади меъёрӣ-­ҳуқуқиро сареан ба Девони Вазирон пешниҳод мекунанд, ки дар он чунин бандҳо вуҷуд дорад:
– беҳсозии марҳилаҳои пайвасткунӣ ва ҳадди ақал то 25 рӯз коҳиш додани муддати сохтусоз;
– муайян кардани муддатҳои табақасозишудаи корҳои пайваст кардани афзорҳои электрикии (қувваи кориашон то 140 кВт) нуқтаҳои тадбиркориро ба шабакаҳои барқрасонӣ;
– тасдиқ кардани шаклҳои намунавии шартномаи «дар ҳоли омода» пайвасткунии афзорҳои электрикӣ баъди поён ёфтани корҳои сохтусозӣ ва монтаж;
– муайян кардани маҷбурияту ҷавобгарии созмонҳое, ки корҳои сохтусозӣ ва монтажро дар вақти таъиншуда иҷро накарданд.
Вазорати энергетика ба сурати муштарак бо вазоратҳои молия, рушди технологияҳои ахборотӣ ва иртиботот ва ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» то 1-уми сентябри соли 2020 бобати баргузории озмун барои ҷорӣ кардани системаи автоматикии ҷараёнҳои назорату истеҳсоли захираҳо (ERP) ва системаи биллинги нав дар муассисаҳои барқрасонӣ иқдоми заруриро амалӣ ва поён додани онро таъмин менамояд. Ҳамчунин, бо ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» ва Вазорати адлия дар ин замина ба кор андохтани платформаи онлайнро амалӣ менамояд. Платформаи онлайн ба масрафкунандагон имкони интихоби созмонҳои лоиҳасозӣ, сохтусоз ва монтаж ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти электротехникаро медиҳад ва шаклёбии нархҳоро бар асоси рақобат таъмин мекунад.
Бо мақсади аз нав сохтани шабакаҳои камзарфияти барқ, суръат додан ба корҳои навсозӣ ва бозсозӣ ва коҳиш додани нархи корҳои сохтусоз ва монтаж пешниҳодҳои зерини Вазорати энергетика ва «Шабакаҳои ҳудудии барқ» пуштибонӣ шуданд:
– дар чорчӯби қарори раисҷумҳур – «Дар бораи Барномаи навсозии шабакаҳои камзарфияти барқ дар солҳои 2017-2021» (23-юми ноябри, 2016, таҳти рақами 2661) сохтусоз ва бозсозии нуқтаҳои трансфарматорҳо ва шабакаҳои камзарфияти барқрасонӣ бар асоси Барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», хонаҳои арзон дар деҳҳо, биноҳои маскунии арзон дар шаҳрҳо, фармоишҳои ҳукумат дар чорчӯби ташриф ба минтақаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон;
– бар асоси дархости ниҳодҳои вобаста ба «Шабакаҳои ҳудудии барқ» аз сӯи ширкати «Энерго-­РЕС» харид кардани афзорҳои техникии барқӣ ва қисмҳои эҳтиётиву хидмат­расониҳо;
– таъсис додани коргоҳҳои истеҳсоли симчӯбҳои сементӣ, маҳсулоти фулӯзотӣ ва шӯъбаҳои сохтусозии вобаста ба «Шабакаҳои ҳудудии барқ» дар соли 2020 бо арзёбии самарбахшии иқтисодӣ;
– додани ҳуқуқи амалисозии корҳои сохтусозӣ ва лоиҳасозии нуқтаҳои трансфарматор ва шабакаҳои барқрасонӣ бо зарфияти 0,4-6-10 ба ниҳодҳои вобаста ба ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ».
Вазорати энергетика ва ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» тартиби қабули корҳои иҷрошудаи ниҳодҳои вобаста ба ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ»-ро дар муддати 1 моҳ дар бобати сохтусоз, навсозӣ ва бозсозии шабакаҳои камзарфият таҳия мекунад ва бар асоси тартиби таъиншуда тасдиқ мекунад.
Вазорати энергетика ва ширкати «Шабакаҳои ҳудудии барқ» муштаракан бо Вазорати молия ва Вазорати сармоягузориҳову тиҷорати хориҷӣ то 1-уми декабри соли ҷорӣ барномаи аз нав сохтани шабакаҳои барқрасонӣ бо зарфияти 35-110 кВт ва истгоҳҳо дар солҳои 2021-2025 ва барномаи навсозӣ, бозсозӣ ва сохтусози шабакаҳои барқрасонӣ бо зарфияти 0,4-6-10 кВ дар солҳои 2022-2025-ро бо дақиқ кардани манбаи таъмини молиявӣ таҳия мекунад ва барои тасдиқ кардан ба Девони Вазирон месупорад.
Саҳми 20,937 дарсадии «Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон» ва саҳми 79,063 дарсадии ширкати «Корхонаи ШҲБ Хоразм» дар сармояи низоми «Корхонаи электротехникаи Қӯшкӯпир» (ин корхона вобаста ба Вазорати энергетика, Оҷонси мудирияти активҳои давлатӣ, ширкатҳои «Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон» ва «Шабакаҳои ҳудудии барқ» аст) ба ширкати «Энерго-­РЕС» фурӯхта мешавад.

Таҳияи Умед ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ