Ба истгоҳ бояд камераи назоратӣ гузошт

Ба истгоҳ бояд камераи назоратӣ гузошт
  • Post category:Ҷаҳон

то ки пеши роҳи қонуншиканиҳо гирифта шавад

Барои пиёдагардон дар мавзеъҳои серҳаракати роҳҳо гузаргоҳи алоҳида ҷудо карда шудааст, то ки онҳо аз як канори роҳ ба тарафи дигари он убур карда тавонанд. Дар чунин ҷойҳо бо суръати баланд рондани нақлиёт манъ буда, ронандагон бояд бо суръати 40 км/соат ҳаракат намоянд. Зеро ки дар чунин ҳолат бо осонӣ мошинро нигоҳ дошта, ба пиёдагарди убуркунанда роҳ додан имконпазир мегардад.
Чунин гузаргоҳи алоҳида дар назди истгоҳи литсейи академии рақами 1-и шаҳри Самарқанд низ гузошта шуда, дар сутуни назди истгоҳ аломати «Эҳтиёт, пиёдагардон!» низ мавҷуд аст. Мутаассифона, қоидаҳои махсуси роҳ дар ин ҷо на ҳама вақт риоя карда мешавад. Дар баробари литсейи академии мазкур, мактаби таълими умумии рақами 24-и шаҳр низ дар ҳамин наздикӣ ҷойгир мебошад, ки ҳар рӯз мактаббачагон аз маҳалла ба сӯйи мактаб рафта меоянд. Дар гирду атроф биноҳои серошёнаи истиқоматии зиёд мавҷуд буда, доимо дар он равуои аҳолӣ зиёд аст. Ҳама гап дар сари он, ки роҳи мазкур аз бозори деҳқонии Сартеппа сар карда, то литсейи номбурда хеле васеъ мебошад ва барои ҳаракати нақлиёти зиёд мусоид аст. Аз ҳамин имконият истифода бурда, дер боз аст, ки қисме аз ронандагон роҳро барои пойгаи автомобилҳои худ – «гонка» истифода мебаранд. Ин бошад барои рафтуои мардум, хусусан мактаббачагону талабагони литсейи академӣ хавф ба вуҷуд овардааст.
– Чанд муддат аст, ки дар ин ҷо фаъолият дорам, – мегӯяд нозири хизмати трамвайҳои шаҳр Бахтиёр Бобораҳимов. – Шоҳиди он гардидаам, ки чӣ тавр ронандагон бо суръати баланд аз назди гузаргоҳи пиёдагардон ҳаракат мекунанд. Гӯё ки дар ин ҷо ягон аломати огоҳкунанда, ё роҳи сафедкардашудаи асфалт вуҷуд надошта бошад. Дар ҳар ду рӯз бошад, як бор ронандагони мошинҳои сабукрав пойгаи махсус ташкил мекунанд, ки саршавиаш аз назди бозори деҳқонии Сартеппа ва охираш наздики литсейи академӣ мебошад. Ҳодисаҳои нохуши зиёд низ рӯй додаанд. Ҳатто боре писараке гӯсфанди худро хост ба тарафи дигари роҳ гузаронад. Дар ин вақт мошини сабукраве бо суръати баланд ба онҳо рӯ ба рӯ омад ва ронанда мошинро нигоҳ дошта натавонист. Хайрият, писарак осеб надид, лекин гӯсфандро мошин зада рафт. Мо чунин пешниҳод дорем, ки ба симчӯби сари роҳ камераи назоратӣ гузошта шавад, то ки фош кардани чунин ҷиноятҳо имконпазир гардад.
Дар ҳақиқат, як роҳи мувофиқ барои пешгирии чунин қоидавайронкуниву қонуншиканиҳо мавҷуд будани камераи назоратист. Маълум, ки дар ҷойҳои сераҳолии маҳаллаҳо низ баъди гузоштани камераҳои назоратӣ ҷиноятҳои зиёде фош гардида, миқдори қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст.

Ф.ШУКУРОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ