Иқтисод

Неъмати табиии шифобахш

Бино ба фикри мутахассисон дар 100 грамм асали тоза 300 калория мавҷуд аст. Дар асал зиёда аз 100 хел модда ва 42 намуди антиштобҳо вуҷуд доранд.
Мардум занбӯри асалро яке аз ҳафт хазинаи бебаҳои дунё медонад. Аз оруи асал, на танҳо барои асал, балки чун дору ҳам кор мебарорад. Заҳри занбӯри асал, ки дар саноати фармасевтӣ ба кор меравад, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши калон дорад. Шири орухона ва муми асал барои истеҳсоли доруворӣ ашёи хуб ҳисобида мешавад.
Аксари олимон қайд кардаанд, ки бо воситаи оруҳо гардолуд намудани растаниҳо ҳосилнокиро зиёд мекунад. Дар майдонҳои пахта, ки бо ёрии оруи асал гардолуд мегарданд, ҳосилнокӣ ба 3-4-сентнерӣ зиёд мешавад.
Дар вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Самарқанд занбӯри асалпарварони пуртаҷриба зиёданд. Сокини 53 – солаи маҳаллаи Равонаки ноҳия Маъруф Тӯрақулов яке аз онҳо мебошад. Мо оиди занбӯрпарварӣ бо ин марди кордон сӯҳбат оростам.
– Бигӯед, ки шумо кай боз ба занбӯри асалпарварӣ машғулед?
– Асрори занбӯрпарвариро ман аз тағоям Абдуҷалил Ҳабибов (Худо раҳмат кунад!) омӯхтам. Аз овони ҷавонӣ ба занбӯрпарварӣ машғулам. Пештар то 50 қуттӣ парвариш мекардем. Ҳозир камтар аст..
– Оруҳоро асосан дар кадом мавзеъҳо парвариш мекунед?
– Ҳар сол бо саршавии баҳор онҳоро ба оғӯши табиат, саҳро, чарогоҳҳо ва боғҳо мебарам. Соли гузашта аз нимаи моҳи май қуттиҳоро ба саҳроҳои ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах бурда нигоҳубин кардам.
– Оруҳои асал чанд сол умр мебинанд ва чанд навъ мешаванд?
– Оруҳои асал то се сол умр мебинанд. Онҳо ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: орумодар, оруи коргар, оруи мардина ва оруи ҷавон. Ва ҳар яки онҳо вазифаи худро доранд. Вазифаи орумодар гузоштани тухм бошад, оруи коргар асал мекашонад. Оруи мардина барои давом додани насл хизмат намояд, оруи ҷавон нектари оруҳои коргарро аз нав кор мекунад. Аз таркиби онҳо обро ҷудо намуда, ба асал табдил медиҳанд. Ин сохтори кори онҳо ба корхонаи калон шабоҳат дорад…
– Вазъи обу ҳаво ба ҳосили оруҳо таъсир мерасонад?
– Обу ҳавои сол хуб ояд, аз ҳар оилаи ору то чор маротиба асал гирифтан мумкин аст. Ҳаво номусоид ояд, ҳосилнокӣ камтар мешавад. Умуман, аз ҳар оилаи оруҳо то 20 килограмм асал гирифтан мумкин аст.
– Оиди хусусиятҳои шифобахши асал чанд сухан мегуфтед?
– Асал неъмати табиии шифобахш буда, ба садҳо дард давост. Дар таркибаш беш аз сад микроэлемент, аз қабили глюкоза, антибактерия, минералҳо ва витамин дорад. Аз ҳама бештар мум, елими занбӯри асал, чанги гул, шири модарору барин маҳсулоти занбӯри асал ба дардҳо даво аст. Асал хусусияти оромкунии асабро дорад. Иммунитети одамро мустаҳкам менамояд. Фишори хунро мӯътадил мекунад. Заҳри занбӯри асал ба бемории остеохондроз даво аст. Агар занбӯр шахсони аллергиядорро газад, хавфнок мебошад. Асалро бо чойи ҷӯшон нӯшиданро тавсия медиҳем. Ба бачаҳои хурдсол истеъмоли бисёри он зарар дорад. Бо меъёр хӯрдани асал ба ҳама фоидабахш аст.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ