Маркази назорат ба назорат эҳтиёҷ дорад

Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаи шаҳр корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим давом мекунад. Тамошои ободкориҳо алалхусус, ҳавои форами баҳорӣ ба кас кайфияти хуб мебахшад. Аммо аз мушоҳидаи баъзе манзараҳои безеб дили инсон хиҷил мегардад. Барои мисол, дар кӯчаи Бобур Мирзо рӯ ба рӯйи Маркази давлатии назорати эпидемиологӣ-­санитарии вилоят партовҳои бисёрро дидан мумкин аст, ки дар атрофи он сагҳои бесоҳиб давр зада, шикам сер мекарданд. Саволе ба миён меояд: наход аз ин ҳолат ходимони идора бехабар бошанд?
Аҷаб аст, ки кормандон барои тозагии корхонаву муассисаҳои вилоят ҷонфидоӣ кунанду барои тозагии гирду атрофи корхона оҷизӣ кашанд. Сабаб чист, ки партовҳои чанд вақт боз хобидаро тоза накардаанд? Ҳатто қуттии партовпартоӣ ба назар намерасад. Партовҳо дар рӯйи замин, ба ҳар ҷониб пош хӯрдаанд. Дар симчӯб бо ҳарфҳои калон-­калон «мусор ташлама, штраф» навиштаанд, лекин одамон партовҳои худро партофтаанд.
Ин аҳволро дида, одам меандешад ва хулоса мекунад, ки маркази назорати тозагӣ худ ба назорат эҳтиёҷ дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ