Раисҷумҳури Афғонистон омодагии ҳукуматро ба музокираҳо бо Толибон эълон кард


Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ҳукумати кишвар рӯзи 10 март ба раванди музокираҳо бо ҷунбиши Толибон омода мешавад.
Ба гуфтаи Ашраф Ғанӣ, ҳукумат бо Толибон бар асоси гароишҳое, ки ҷумҳурии исломӣ поя гузоштааст, музокира хоҳад кард.
Вай афзуд, ки рӯзи 10 март феҳристи аъзои ҳайъати музокираҳо муъайян хоҳанд шуд.
Дар зимн, раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ҳанӯз тақозои Толибон бобати озод кардани 5 ҳазор нафар пайраваш хеле зуд аст.
Ёдовар мешавем, ки дар поёни моҳи феврал ИМА бо Толибон тавофуқномаи сулҳро имзо кард. Дар ин тавофуқнома оғоз кардани музокираҳои сулҳ дар Афғонистон ва табодули асирон таъкид шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ