Трамп барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба марзи Максика сарбозони иловагӣ фиристод

Трамп барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба марзи Максика сарбозони иловагӣ фиристод

  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА барои пешгирӣ аз ворид шудани коронавирус ба марзи Мексика сарбозони иловагӣ фиристод.
Дар ин бора USA Today хабар додааст.
Бар асоси додаҳо, шумори сарбозони фиристодашуда 100 нафар буда, онҳо дар ду шаҳри калидӣ дар марзи Мексика ва ИМА ҷойгир мешаванд.
Ҳамчунин, фиристодани сарбозони иловагӣ ба марзи Мексика як қисми дигари муборизаи Трамп бо додгоҳи федералӣ аст, ки он сиёсати муҳоҷиратии раҳбари Кохи Сафедро маҳдуд карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ