Аз соли 2021 ба ҷои ID-картаҳо шиносномаҳои биометрикӣ дода мешавад

Аз соли 2021 ба ҷои ID-картаҳо шиносномаҳои биометрикӣ дода мешавад


Девони Вазирон қарори “Дар бораи иқдоми ҷорӣ кардани системаи расмӣ кардану додани ID-картаҳои шиносоӣ”-ро қабул кард.
Бино ба хабари маркази матбуъотии вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, аз 1 январи соли 2021 ба ҳамаи кӯдакони навзод, нафароне, ки шаҳрвандӣ доранд ва надоранд ва ба хориҷиёне, ки дар Ӯзбекистон ба сурати доимӣ зиндагӣ мекунанд, ID-карта дода мешавад, ки он ҷойгузини шиносномаи биометрикии имрӯза, яъне санади тасдиқкунандаи ҳуввияти шахс хоҳад буд.
Муҳлати истифодаи ин карта 10 сол буда, танҳо дар дохили корбурд хоҳад шуд. Шаҳрванд барои ба хориҷ рафтан шиносномаи биометрикии хориҷӣ (“загранпаспорт”) мегирад.
Аз 1 январи соли 2021 то оғози соли 2030 шиносномаҳои биометрикии шаҳрвандон ва рухсатномаҳои зисти шаҳрвандони хориҷиву нафароне, ки шаҳрвандӣ надоранд, бар асоси дархости онҳо бо ID-картаҳо иваз карда мешаванд. Ҳар кас метавонад қабл аз ба поён расидан, ё баъди ба поён расидани муҳлати истифода шиноснома, ё рухсатномаи зисташро бо ID-карта иваз кунад.
Сар аз 1 январи соли 2030 муҳлати амали шиносномаҳои биометрикӣ ба охир мерасад.
Гузор ба системаи истифодаи ID-картаҳо бар асоси таҷрубаи кишварҳои хориҷӣ амалӣ мегардад ва он ҷараёни хидматрасонии давлат ба мардумро содатар хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ