РОЗИ ПИНҲОНИ КАФИ ДАСТОНИ МОДАР…

РОЗИ ПИНҲОНИ КАФИ ДАСТОНИ МОДАР…
  • Post category:Фарҳанг



Дилноза АБДУҶАЛИЛЗОДА
Рӯзе писарам Хушрӯзҷон бо сухани ноҷои худ диламро ранҷонд. Аз ин хафа шуда, бо ӯ ду рӯз мулоқот накардам. Ӯ доим дар атрофам «очаҷон-очаҷон» гуфта парвона буд ва бо ҳар баҳона диққати маро ба худ ҷалб кардан мехост. Вале ман эътибор намедодам. Рӯзи сеюм аз мактаб омада, ғамгинона гуфт:
– Очаҷон, баданам гарм аст. Гӯё ки дарунам месӯзад. Бе ҳол шуда истодаам.
Ин ҳилаи наваш гуфта, ба ӯ эътибор надодам. Таомашро болои миз гузоштаму худ аз пайи кор шудам. Аз байн қариб ним соат гузашт, аз ӯ дарак нашуд. Машғули чӣ кор бошад гуфта, оҳиста нигоҳ кардам. Дар замин хоб рафта буд. Кӯрпачаро партофта, ӯро бардоштани шудам. Дар ҳақиқат, таб дошт. Бо термометр санҷидам, ки табаш аз 39 боло. Зуд дар дасту пояш арақ молидам. Хушрӯзҷон бедор шуд ва оҳиста гуфт:
– Очаҷон, маро бубахшед. Ман надонистам, ки суханам дили шуморо меранҷонад. Тавба кардам. Дигар такрор намешавад. Ман акнун бетартибӣ намекунам. Чӣ гӯед, гӯш мекунам.
Ҳамин вақт садои телефон баланд шуд. Ба суханҳои Хушрӯзҷон ҷавоб надода, телефонро гирифтам. Бародарам буданд. Бо акоям хеле сӯҳбат кардем. Ҳамаи воқеаро нақл кардам. Бародарам хандида гуфтанд:
– Э, хоҳарҷон! Ман мардаки калон шуда, гоҳо бо суханҳои ноҷо дили очаҷонамонро меранҷонам. Хушрӯзҷон ҳоло хурд аст. Ту фикр накун, ки ӯ шамол хӯрдааст. Вай зиқ шудааст. Аз ҳамин сабаб, таб мекунад. Ман ҳам танг шавам, корам пеш намеравад. Ҳатто баъзан монанди ҷиянчаам бемор мешавам. Беҳуда гузаштагон нагуфтаанд, ки «Модар ризо, Худо ризо!» Ту дарҳол Хушрӯзҷонро ба оғӯш гиру «ман туро бахшидам» гӯй.
Бо ҳамин сиҳат мешавад. Бо бародарам хайру хуш карда, ногоҳ ба хотирам раҳмати падарам омаданд…
…Бист сол пеш. Дар синфи шашум мехондам. Муаллим супориш дод, ки дар мавзӯи «Модар» иншо нависем. Азбаски падарам суханшинос буданд, ман дарси забон адабиётро бисёртар бо эшон тайёр мекардам. Вақте ки ба падарам супориши муаллимро гуфтам, аз ҷо хеста, аз ҷевон китобчаеро гирифтанд ва ба ман дароз карда:
– Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар!
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар! – шеър қироат карданд ва илова намуданд:
– Дар аввали иншо ин шеърро навишта, баъд китоби «Дасти дуои модар»-ро мутолиа кун ва аз шеърҳо хулоса бароварда, навис.
Ба ман шеър писанд наомад ва норозиёна:
– Дадаҷон, шояд дигар шеър нависам. Дуо мегӯед, алла мегӯед, маънояшро сарфаҳм нарафтам, – гуфтам. Падарам маро оғӯш карда:
– Духтари ширини ман, – навозиш карданд. – Ту ҳоло хурд ҳастӣ. Худо хоҳад ба камол расӣ, баъд маънои ин шеъри Лоиқи бузургро мефаҳмӣ. Ҳозир ту гуфтаи маро иҷро кун, албатта баҳои панҷ мегирӣ!
Дар ҳақиқат, ман аз иншо баҳои аъло гирифтам. Модар шуда, фаҳмидам, ки шоир дар шеъри худ чиро дар назар дошта буду падарам ба ман чӣ гуфтан мехостанд. Дар синни наврасии мо падарам вафот карданд. Модарам барои мо ҳам модар ва ҳам падар шуда, ба камол расонданд. Дар ин роҳи пуршебу фарози умр пастиву баландиҳои зиёдро паси сар карданд. Худоро шукр, ки ҳоло ҳамаи мо – бародаронам Ҳилол, Фаррух, хоҳаронам Дилрабою Мадина бо дуои модар сарсабзу сарбаландем ва дар ҳаёт роҳи худро ёфтем.
Дар тӯли ҳаёт модарони зиёдро дидам ва ҳоло худ низ модари се фарзанд ҳастам. Вале то ҳол модареро надидам, ки чун волидаи ман меҳрубону ғамхор бошанд. Ба фикрам, барои ҳар як инсон гиромитар ва азизтар аз модар каси дигаре нест.
Танҳо модар аст, ки доим барои бахту иқбол, саодатмандӣ ва сарбаландии фарзандони худ дасти дуо мебардорад. Дар сари ҷойнамоз дуои пешравии кори фарзанду пайвандонро мекунад. Дар ниҳод мегӯяд, ки «фарзандонамро дар паноҳат нигоҳ дор. Тану ҷонашон сиҳат бошад. Хокро гиранд, зар шавад».
Бигузор, модарон доим дуогӯйи мо бошанд. То ҳаёт ҳастанд, хоки пояшонро сурмаи чашмон кунем.

Мехоҳам барои модарони дунё бигӯям, ки худро эҳтиёт кунед, доим аз пайи осоиштагии рӯзгор бошед, даст ба дуо бардоред. Зеро дар кафи дастони Шумо калиди иҷобати орзуҳо, комёбиҳо ва хушбахтиҳои фарзанду ҷигарбандонатон ниҳон аст. Дар кафи дастони шумо ганҷе пинҳон аст, ки боиси осоиштагӣ, ободӣ ва пойдории оилаҳо мебошад. Дар кафи дастони Шумо нӯшдоруест, ки аҳли беморро аз бемориҳо, бало ва қазоҳо эмин нигоҳ медорад. Дар кафи дастони Шумо меҳри ноаёне ҳаст, ки дар гармӣ фузунтар аз Офтоб аст ва баҳру бар аз он зебову ҳаёт ширинтар мешавад. Шоир беҳуда нафармудааст:
Бо нураш гарчӣ ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар,
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри Модар!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ