ШЕЪРТАБРИКҲО

ШЕЪРТАБРИКҲО
  • Post category:Фарҳанг

Осудагӣ аз Меҳан надорад, Модар,
Осоиши ҷону тан надорад, Модар.
Дорад ғаму андӯҳи ҷигаргӯшаи хеш
Варна ғами хештан надорад, Модар!


Замину осмон аз модарон аст,
Ҳаёти ҷовидон аз модарон аст.
Ҷаҳон бе модарон рӯзе надорад,
Ҳама рӯзи ҷаҳон аз модарон аст.


Иди саидат, эй зан, оғози навбаҳорон,
Оғози хандаи гул бо гиряҳои борон.
Табрику орзуям дар ҷашни ту ҳамин аст:
Поянда боши чун ку(ҳ), ҷорӣ чу обшорон!


Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст!
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ