Бонуи оташқалб

Бонуи оташқалб
  • Post category:Фарҳанг


Зан чароғи фурӯзони ҳар хонадон, ҳидоятгари хулқи некию покӣ ва асосгузори бахту иқболи ҳамешагии мост. Рушду нумӯи ҷомеа аз саъю талошҳои пайвастаи зан – модар низ вобаста аст.
Саодату фархундагии мардум аз поктинатии модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду сарфарози мост. Танҳо зани солиҳаву бомаърифат тарбиягари фарзандони аҳли солеҳ мебошад, ки баҳри бунёди ҷамъияти мустаҳкам ҳисса гузорад.
Яке аз чунин занони соҳиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, сарвари мактаби таълими умумии рақами 73-и шаҳри Самарқанд (собиқ мактаби рақами 14-и ноҳияи Самарқанд) Озода Назарова мебошад.
Озода Эргашевна фаъолияти омӯзгории худро дар мактаби рақами 73-и шаҳри Самарқанд ба ҳайси омӯзгори фанни забони русӣ оғоз намудааст. Бо дилёбиву дилшиносӣ ва хислатҳои неку қавииродагии худ сазовори ҳурмату эҳтироми аҳли ҷамоаи мактаб ва маҳаллаи Навбоғчиён гардидааст.
Зане мебошад, ки бо ҳама гирудори зиндагӣ, дар роҳҳои пурпечутоби ҳаёт мардонавор мубориза бурда, дар охир сазовори мукофоти ҳаёт гардидааст.
Озода Эргашевна соҳиби 3 нафар фарзанду 3 нафар наберагони аз якдигар ширин аст. Дар ҳар як кор пухтакору собитқадам мебошад. Дар кадом ҷодае, ки набошад, хоҳ дар соҳаи сиёсию иҷтимоӣ, хоҳ маданию маърифатӣ фикри асосноку шахсии худро дорад. Барои ӯ ҳамеша манфиати халқ дар ҷойи аввал меистад.
Натиҷаи чунин чашмикордониву дилсӯзӣ ва масъулиятшиносии Озода Эргашевна мебошад, ки номзадии ӯро аз ҳизби сотсиал-¬демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон ба депутати Шӯрои намояндагони шаҳри Самарқанд гузоштанд. Азбаски Озода Эргашевна сазовори боварии халқу маҳаллаи худ гашта буд, номзадии ӯро якдилона халқ пазируфт. Зеро ӯ ҳамеша дар хизмати халқ камарбаста аст. Саъю кӯшиши онро мекунад, ки ҳар як муаммои халқ ҳалли худро ёбад. Ӯ пайваста бо мардум дар мулоқот мебошад. Ногуфта намонад, ки маҳз аз ташаббусу меҳнати фидокоронаи ӯ синфхонаҳои мактаб бо таҷҳизоти гармидиҳӣ таъмин гашта, боми биноҳо нав карда шуд. Дар ин кори масъулиятнок ба Озода Эргашевна бурдбориҳо таманно дорем ва итминони комил дорам, ки ин зани зиндадил зина ба зина ба қуллаҳои баланди мурод мерасад. Зеро дуои халқ мустаҷоб аст…
Олима МИРОВА,
муаллимаи синфҳои ибтидоии, мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 73-и шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ