ЗАНЕ, КИ 13 СОЛ ҲОКИМИ НОҲИЯ БУД

ЗАНЕ, КИ 13 СОЛ ҲОКИМИ НОҲИЯ БУД

Шодравон Раҳима Ҳакимова аввал раиси комиҷроия ва сипас 13 сол ҳамчун ҳокими ноҳияи Самарқанд фаъолияти пурсамар бурд. Фазилатҳои неки инсонӣ дошта, ки мардум ӯро ба худ наздику меҳрубон гирифта, ҳамеша бо эҳтиром «ойтӣ» гӯён муроҷиат мекарданд.
Қадами қатъӣ
Модарам дар навбаҳори зиндагӣ барвақт рафт,
Монд маро баъди худ гӯё барои дарду ғам.
Зиндаҳо аз ғам намемиранд, фаҳмидам кунун,
Зиндагӣ сахт шуд, бе дасти нарми модарам.
Синни ӯ ба 13 расида буд, ки нобаҳангом модараш вафот кард. Аҳволи оилаи камбизоат боз душвортар гардид. Раҳима маҷбур шуд, ки мактаби миёнаро партофта, барои ҳунар омӯхтан шомили собиқ техникум, ҳоло коллеҷи касбии хӯроквории шаҳри Самарқанд шавад. Соҳиби диплом шуду ба сехи дӯзандагии шаҳри нави Самарқанд омад. Зани кушодачеҳраи дурандеш, савобталабу нармдил Малоҳатхола ба шогирдӣ гирифт. Раҳима дониши назариявиро ба амалия пайваста, нозукиҳо ва асрори дӯзандагиро моҳирона омӯхт. Устодаш ва дигар ҳамкорон духтараки чаққону тезкорро ситоишкунон ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд, вале аз чӣ бошад, «ситора»-и ӯ бо мудири сех рост наомад. Вай беасос дӯғ мезад, муомилаи бад намуда, гапҳои таҳқиромез мегуфт. Бечора Малоҳатхола гоҳ-¬гоҳ «обсофкунак» мешуду худ танбеҳ мегирифт. Рӯзе косаи сабри Раҳима лабрез шуду ба мудир гуфт, ки нияти аз кор рафтан дорад.
– Хеле нағз-¬дия, – бо заҳрханда дод зад мудири сех. – Ман хеле хурсанд!
– Бисёр шодӣ накунед, – якбора аланга гирифт Раҳима. – Ман боз ба кор меоям, вале ҳамчун сардор.
– Орзуро айб нест, – қоҳ-¬қоҳ зад он зани дурушту худписанд, – оғӯш кашида пешвоз мегирем, албатта.
Ва ӯ дар ҳақиқат рафт. Дар хона маҷалла ва рӯзномаҳоро варақ мезад, ки нигоҳаш ба эълон афтод. Дар он навишта шуда буд, ки дар Санкт-¬Петербург ба Донишкадаи саноати сабуки Ленинград ҳуҷҷат қабул мекунанд. Аз ин навид хурсанд шуд ва бо падари бузургвор маслиҳат карда, рахти сафар баст. Аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт ва номи донишҷӯйро гирифт. Зиндагӣ ва таҳсил ба забони русӣ осон набуд. Вай муаммоҳои зиндагиро бо матонат паси сар намуд ва бо дипломи имтиёзнок ба зодгоҳ омад. Дар тӯли ду сол аз мутахассиси оддӣ то дараҷаи директори комбинати хизмати маишии шаҳр расид. Ва ӯро аввалин шуда, мудири сехи дӯзандагӣ табрик кард ва чунон муносибат намуд, ки гӯё байни онҳо воқеае нашудааст…
Аз нек – боғ
Тақдир ва нону намак ӯро ба ноҳияи Самарқанд овард. Чанд муддат ҳамчун раиси комиҷроия ва сипас 13 сол ҳамчун ҳокими ноҳия ба халқу Ватан хизмати шоиста кард. Бо ҷоннисорӣ ва ташаббуси ӯ ҳудуди ноҳия гул-¬гул шукуфт, ободу зебо шуд. Дар арафаи санаҳои таърихӣ даҳҳо иншоотҳои нави кӯдакистону мактабҳо, мағозаю ошхонаҳо, корхонаю ташкилотҳо дари худро боз намуданд. Кӯчаҳо равону васеъ шуда, гулгашту хиёбонҳо бунёд гардиданд. Садҳо гектар боғ ва токзорҳо ба ҳосил даромад. Дар болои рӯди Дарғам пули замонавӣ сохта шуд. Рӯзи кушодашавии кӯпрук бисёр мардум ҷамъ омада, маросими ботантана ба вуқӯъ пайваст. Он айём банда ҳамчун хабарнигори телевизиони Самарқанд бо Раҳима Ҳакимова сӯҳбат оростем.
– Додари азиз, – чун одат бо меҳрубонӣ лаб ба сухан кушод вай, – ана, ба дарё нигаред. Чуноне ки бузургон гуфтаанд, умри инсон ҳамчун об гузаро аст. Дар ин дунёи фонӣ ҳар як шахс, қатъӣ назар аз вазифа бояд бо кори фоиданок машғул бошад. Афсӯс, ки баъзеҳо ниҳоят бепарво, худписанд, ваъдабоз ҳастанд. Халқ гавҳаршинос аст. Солҳо мисли ин оби дарё мегузаранд, шахсоне пайдо мешаванд, ки саҳифаи таърихро варақ мезананд. Ана сонӣ, чӣ гап мешавад, ба шумо аён…
Намурд он касе, ки аз ҷаҳон ном бурд
Қариб даҳ сол аст, ки зани дилёбу дарёдил, накӯному накӯкор, ташаббускору ҷоннисор Раҳима Ҳакимова дар байни мо нест. Аммо кори неку номи некаш ҷовидонист. Вай дар ду даъвати шӯрои Маҷлиси Олӣ депутат интихоб шуда, барои хизматҳои шоён бо чанд ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Бо ғамхории ин бонуи ботадбир садҳо нафар мардум соҳиби хонаву ҷой гардида, аз кӯмаки беғаразонааш оилаҳои камбизоат, ночору мӯҳтоҷ баҳраманд шудаанд.

– Илоҳо, ҷояшон дар ҷаннат шавад! – гуфт раиси Иттиҳодияи ҷанговарони байналмилали «Сиёвуш» Ҷаъфар Ҷабборӣ. – Бо хайрхоҳии ӯ дар шаҳраки Гулобод хиёбони 25 нафар шоҳиди диёри афғон ва муҷассамаи «Модари мотамсаро» барпо карда шуд. Мо ҳар сол дар рӯзи аз хоки Афғонистон бароварда шудани лашкари маҳдуди собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ба ин ҷо ҷамъ омада, ба ҳаққи вай низ дуои хайр мекунем. Раҳматӣ ойтӣ ба хонаи шаҳидон рафта, ба оилаи мусибатзадагон ҳамдардӣ мекарданд, ёрии моддӣ мерасонданд.
– Ноҳияи Самарқанд бисёр роҳбаронро дидааст, – лаб ба сухан кушод шоири зуллисонайн, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода. – Аммо хизмати Раҳима Ҳакимова ниҳоят калон аст. Шахсан ман солҳои тӯлонӣ ҳамкор будам ва аз фаъолияти ибратбахши ӯ хабардорам. Ойтӣ ҳамчун хатмкунандаи факултаи филологияи тоҷик ба забони модарӣ ҳурмату эҳтироми хосса доштанд. Ҳар гоҳ аз Тоҷикистон меҳмонон оянд, бо шеърхонӣ қоил мекарданд. Агар доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ китоби хотираҳо чоп шавад, нуран ало нур буд.
– Оҳ, дод аз дасти аҷал, ки мо, фарзандону набераҳоро аз модари муқаддасу бибиҷони дуогӯй ҷудо кард, – бо ашки дида ҳасрат намуд духтараш Азиза Нӯъмоновна. – Аҷаб тақдир будааст, ки рӯзи вафоти ӯ осмон низ мотам гирифта, барф борид. Барои ба роҳи охирин гусел намудани волидаи мукаррамаи мо, ҳазорҳо нафар мардум ҷамъ омаданд. Мана, аз он рӯзи ҷудоӣ қариб даҳ сол гузашт, аммо мо, фарзандон ягон лаҳза модари худро фаромӯш накардем. Тез-¬тез сари қабраш рафта, зиёрат мекунем, зери марқад гулҳои тару тоза мегузорем. Дар хонаи ман садҳо хел акси ӯ мавҷуд аст. Пас аз зиёрати хонаи Худо номи «ҳоҷионаро» гирифта дар қарси сафед боз ҳам зеботар шуда буданд модарам. Дар дил орзуҳои ширину гуворо доштанд, ки аксарияташро ба гӯр бурданд. Ҷойи модарам ҳамеша холист…
Лаззати зиндагониро дар некномӣ шинохт
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Ҳар сол дар арафаи 8-уми март – иди байналхалқии зан ва духтарон хонадонаш ба гулзор табдил меёфт. Хешу пайвандон, ёру дӯстон, шогирдону ҳамкасбон барои табрик меомаданд. Ҳоло бошад, ӯро бо некӣ ба ёд меоваранд, ки хизматаш калон аст.
Ба фикри мо месазад, ки кӯчаи марказии шаҳраки Гулобод ба номи ӯ гузошта шавад. Зеро ин шоҳроҳи марказии ноҳия ном надорад.
Умед дорем, ки таклифи холисонаи моро ҳокимияти ноҳияи Самарқанд ва мардуми шаҳраки Гулобод дастгирӣ мекунанд. Аллома шайх Саъдӣ фармудааст:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, журналист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ