Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан…

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан…


Зан беҳтарин мӯъҷизаи Парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббатро ҳадя намудааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Дар ҳақиқат, худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешии зан калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯйи комёбиҳо мебошад.
Имрӯз бонувонамон чӣ дар соҳаи сиёсату чӣ дар соҳаи маданият ва чӣ дар соҳаи иҷтимоӣ фидорокиву пешсафӣ менамоянд, ки ин лоиқи таҳсин аст. Албатта, чӣ қадаре ки занон соҳибдонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Боиси хурсандист, ки занони босаводу лаёқатманд баробари соҳаҳои дигар дар мақомоти корҳои дохилӣ низ фаъолона меҳнат мекунанд. Ҳоло метавонем номи чандин нафар бонувонро вирди забон оварем, ки либоси низомиро ба бар гирифта, баҳри осоиштагии Ватан камари ҳиммат бастаанд.
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
Нозири калон оид ба масъалаҳои зан ва духтарони шӯъбаи корҳои дохилии рақами 5-и Садорати мувофиқгардонии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Самарқанд, майёр Наргиза Отақуловна Байдуллоева аз зумраи он занҳое мебошад, ки имрӯз дар сафи мардон истода, хизмат мекунанд.
Наргиза Отақуловна баъд аз хатми факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолияти меҳнатиро ҳамчун коргари оддӣ дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Самарқанд оғоз кардааст. Инак, 23 сол мешавад, ки ин бонуи қавиирода дар як соҳа фаъолият нишон медиҳад. Меҳнати софдилонаву поквиҷдононаи ӯст, ки аз коргари оддӣ то ба дараҷаи майёрӣ расидааст. Дар ин муддат баробари соҳиби оилаву фарзанд шудан, ба ҳурмату эҳтироми халқ сазовор гаштааст.
– Аз солҳои бачагиам ба модарам Соҷида Байдуллоева, ки он кас низ дар шӯъбаи корҳои дохилӣ кор мекарданд ҳавас мекардам, – солҳои кӯдакиашро ба ёд оварда гуфт Наргиза Байдуллоева. – Ҳар гоҳе, ки модарам либоси низомиро мепӯшид, ба ӯ хеле мезебид. Ҳамеша аз модарам хоҳиш мекардам, ки маро низ ҳамроҳаш ба кор бубарад. Зеро дар он ҷо марду занҳои низомиро бештар мушоҳида мекардам. Аз ҳамон вақтҳо ба худ қавли кӯдакона медодам, ки ман ҳам мисли модарам дар мақомоти корҳои дохилӣ кор кунам. Бинобар ин, модарам ҳамеша талаб мекард, ки ман бояд хуб хонам. Имрӯз шукронаҳо мегӯям, ки касби модарамро интихоб карда, саҳв накардаам, зеро маҳз аз пушти касбам ба ҳтироми халқ сазовор гаштам. Ҳар гоҳе ки барои сабук шудани мушкили нафаре ҳисса мегузорам, худро бениҳоят хушбахт ҳис менамоям. Охир дар чашмони онҳо дидани нишонаҳои хурсандиву мамнунӣ худ бахти бузург аст.
Наргиза Байдуллоева имрӯз бо зан ва духтарон, оилаҳои камбизоат, нафароне, ки қабл аз ин ҷиноят содир карда, айни ҳол дар озодӣ ҳастанд, гиёҳвандҳо, оилаҳои нотинҷе, ки дар арафаи ҷудошавианд, духтарони тарбия¬ашон вайрон кор мекунад, корҳои тарбиявию профилактикӣ мегузаронад.
Ҳангоми сӯҳбат бо Наргиза зани тахминан 55-сола дар даст бо набераи дусолааш вориди утоқи корӣ шуд. Наргиза онҳоро хуш пазируфта, бо мо муаррифӣ намуд. Маълум гардид, ки зан сокини мавзеи Суғдиёнаи шаҳри Самарқанд Ёрқиной Боймуҳаммедова буда, аз ин чанд вақт пеш аз сабаби мушкил будани шароити оилавӣ ба Наргиза ба ариза муроҷиат намуда будааст.
– Шаш моҳ боз панҷ нафар набераам ба тарбияи ман аст. Духтарам бо сабабҳои ҷанҷолҳои ҳамсоягӣ ба муддати 1 солу панҷ моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ман ба танҳоӣ ин панҷ нафар набераамро хӯрондаву пӯшонда натавонистам. Бинобар ин, ба Наргиза Отақуловна муроҷиат намудам. Имрӯз барои миннатдорӣ омадам, ки бо саъю кӯшиш ва ғамхории ҳамин кас ҳоло се нафар набераам ба ташкилоти томактабӣ меравад. Кош, сафи ҳамин гуна шахсони савобталабу ба касби худ содиқу масъулиятшинос зиёд мешуд.

Ғайр аз ин, бо чанд нафар ҷавонзанҳо вохӯрдем, ки маҳз ба туфайли маслиҳату дастгирии ин бонуи қавиирода оилаашонро нигоҳ доштаанду имрӯз зану шавҳар бо фарзандонашон зиндагиро давом медиҳанд. Ӯ имрӯз бо 47 маҳалла ҳамкорӣ намуда, баҳри тинҷиву осоиштагии оилаҳо хизмат мекунад. Ин гуна даҳҳо мисолҳоро овардан мумкин аст, ки дар ҳалли онҳо саъю кӯшиш ва ташаббуси Наргиза Байдуллоева калон аст. Аммо мо бо ҳамин кифоя карданием. Дар охири сухан, байтҳои зерини Мирзо Турсунзодаро меорем, ки гӯё барои чунин занҳои оташқалбу ташаббускор гуфтааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Дилафрӯзи РАҲМОН.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ