Хушбахтии зан – асоси мустаҳкамии ҷамъият


Имрӯз зан ва духтарони Ӯзбекис¬тон дар тамоми соҳаҳо фаъоланд. Ҳоло онҳо дар мақомоти давлатӣ ва ҳукуматӣ, мақомоти намояндагӣ, бахшҳои истеҳсолот, соҳибкорӣ ва фермерӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебаранд ва дар рушди мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Мо ҳоло дар бораи фаъолияти он бонувоне ҳарф заданием, ки бо меҳнати хоксоронаи худ дар ривоҷи ҷамъият ҳиссаи муносиб мегузоранд. Онҳо соҳибони касбе ҳастанд, ки дар соҳаи ободониву сабзазоргардонии атрофу муҳит фаъолият мебаранд. Дар назар меҳнати онҳо оддиву аз чашм дур аст, ҳатто нафароне ёфт мешаванд, ки онҳоро, ба қавле бо нӯги пой нишон дода, беҳурматӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки ба туфайлӣ меҳнати софдилонаву поквиҷдононаи онҳо гӯшаву канори кишвар тозаву обод мегардад. Ба ҳуснаш ҳусни дубора зам мешавад. Онҳо ба ҳавои сарди зимистону боронии баҳор, офтоби тасфони тобистону чангу шамоли тирамоҳ нигоҳ накарда, баҳри тозагиву ободии шаҳр камарбастаанд. Мо хостем дар арафаи Иди зан ва духтарон бо фаъолияти бонувоне, ки дар Садорати ободонии шаҳри Самарқанд меҳнат мекунанд, ошно гардем.
– Дар корхонаи мо беш аз 560 нафар зан ва духтарон фаъолият мебаранд, – гуфт ҳангоми сӯҳбат корманди хизмати ахбори Садорати ободонии шаҳри Самарқанд Шоҳруз Нуриллоев. – Мо кӯшиш мекунем, ки баҳри меҳнати онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё созем. Дар мавсими тобистону зимистон бо сару либос таъмин мекунем. Инчунин, дар арафаи ҷашни Наврӯз таъмини сару либосҳои нав пешбинӣ шудааст.
– Имсол 12 сол мешавад, ки дар Садорати ободонии шаҳри Самарқанд кор мекунам, – гуфт Шириной Шодиева аз ноҳияи Ҷомбой. – Ҳангоме, ки ба шавҳар баромадам, якҷоя бо шавҳарам бо корҳои деҳқонӣ машғул шудем. Бо гузашти солҳо соҳиби панҷ нафар фарзанд гардидем. Аз соли 2008 ба кори ташкилот даромадам. Солҳои аввал маош хеле кам буд, бо вуҷуди он меҳнат кардем. Оҳиста – оҳиста зиёд шуд. Ҳоло ба 1 миллиону 200 ҳазор расид. Аз роҳбарон миннатдор ҳастам. Ба фикрам, дар ҳама соҳа ҳам бовиҷдону ҳалол ва кори худро софдилона иҷро кунед, сарбаланд мегардед. Ҳар пагоҳӣ аз хона бо кайфияти болидаву дили гарм сӯйи кор мешитобам, ки имрӯз маҳз аз меҳнати ман як гӯшаи шаҳри бостониамон обод мегардад.
– Солҳои навхонадорӣ дар ҳеҷ куҷо кор намекардам. Ба ёфти шавҳарам қаноат карда, рӯз мегузаронидем, – гуфт ҳангоми сӯҳбат Зӯҳро Давронова аз кӯчаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд. – Ҳангоме, ки пасу пеш фарзандонамон ба дунё омаданд, ташвишу хароҷоти рӯзгорамон низ зиёд гардид. Хостам, ба шавҳарам сабукие овараму бори рӯзгорро ҳамроҳ кашем. Инак, 6 сол мешавад, ки дар Садорати ободонии шаҳри Самарқанд кор мекунам. Ҳар бегоҳ баъд аз кор сӯйи оила мешитобам. Шукр мекунам, ки зиндагиамон хуб мегузарад. Фарзандонамон дар пеши назарамон ба воя мерасанд. Фикр мекунам, ки ин хушбахтии бузург аст.
Боз бо чанд нафар занҳои дигари ин ташкилот ҳамсӯҳбат шудем. Дар чеҳраи онҳо ҳисси шукронаву хушбахтӣ ва мамнунӣ аз ҳаёти имрӯза хувайдо буд. Алалхусус, зиёд шудани маош хурсандии онҳоро дучанд карда, ҳисси масъулиятро нисбати кор зиёд кардааст.
Ҳангоме, ки бо ин гуна занҳои меҳнаткашу фидоӣ ҳамсӯҳбат мешавем, бевосита суханҳои бузургон «Зан хушбахт бошад, оила хушбахт, оила хушбахт бошад, ҷамъият мустаҳкам мешавад» ба хотир меояд. Бигзор, занҳо хушбахту оилаҳо мустаҳкам бошанд, фарзандонамон аз меҳру муҳаббати падару модар баҳравар гардида, номбардори Ватан шаванд.
Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ