Шарофат ЭРМАТОВА: «Журналист бояд фикри мустақил дошта бошад»

Шарофат ЭРМАТОВА: «Журналист бояд фикри мустақил дошта бошад»

Ҳар як инсон дар зиндагӣ машғулияте дорад, яке заминро ҳамвор карда, донаи умед мекорад, дигаре кордону соҳибкор буда, ба тиҷорат ё шуғли дигар машғул аст, сеюми насли наврасро таълим медиҳад. Нафарони дигар муҳандис, усто, ронанда, ҳунарманд, дӯзанда, пазанда… Ҳар якеро баҳри коре сохтанд. Яке аз чунин инсонҳое, ки касби худро аз ҷон дӯст медорад ва аллакай дар соҳаи хеш ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст, рӯзноманигори ботаҷриба, соҳиби ордени «Дўстлик», Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ўзбекистон, муҳаррири барномаи «Рангинкамон» Шарофат Эрматова мебошад, ки мо ба муносибати иди зан ва духтарон сӯҳбат оростем. Инак, фишурдаи онро пешкаши шумо менамоем.


Ҳангоми интихоби касб ҳар инсон ба касе ё чизе ҳавас карда, аз пайи иҷобати он мекӯшад. шумо чаро журналистиро интихоб кардед ва дар ин самт киро чун устод медонед?
– Ман зодаву парвардаи ноҳияи Бӯстонлиқ, яъне «Шветсария»-и Ӯзбекистон мебошам. Аҷаб нест, ки оби ширини чашмаҳо, кӯҳҳои баланд ва шабҳои пурситораи зодгоҳ маро илҳоми эҷодӣ бахшида, барои журналист шуданам саҳм гузошта бошанд. Аввалин устодам дар ин ҷода падарам Ҷӯрабой Эрматов мебошанд. Қиблагоҳи мо ҳамеша дар хона аз ҳикоёти «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус мегуфтанд, намунаҳо аз ашъори шоирони мумтоз қироат мекарданд. Чунин сӯҳбатҳои адабӣ ва мушоирати оилавӣ буд, ки дар дили камина нисбат ба адабиёт ва санъат меҳр пайдо шуд. Дертар аз шоири хушбаён, мутарҷими моҳир, рӯзноманигори ботаҷриба, устод Ҷонибек Қувноқ асрори журналистиро омӯхтам. Ин марди ботамкину хоксор тавонистанд, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ ба ман пасту баландиҳои зиндагӣ, муомила кардан, ба сухану амалҳои нолозим беэътибор буданро омӯзонданд. Доим таъкид мекарданд, ки «ҳар як одам инсон шуда наметавонад. Барои инсон шудан, одам бисёр омӯхтанаш ва дар ҳаёт фазилатҳои инсонии худро нишон дода тавонистанаш лозим».
Ғайр аз ин, аз тарҷимони бомаҳорат, ҳамсари Нависандаи халқии Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор – Кибриёхоним Қаҳҳорова маданияти гуфтор, рафтор, либоспӯшӣ, меҳмоннавозӣ ва дигар одатҳои барои журналисти ҳамон давр муносибу мувофиқро омӯхтам. Дар ҳаёт ба ҳамаи он маслиҳатҳо амал мекунам.
Ман фаъолияти меҳнатиро дар таҳририяти рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» сар кардам ва агар гӯям, ки аз ҳар як корманди рӯзнома хӯю хислатеро омӯхтаам, хато нахоҳам кард. Инак, меҳр нисбати рӯзнома аст, ки то имрӯз бо онҳо ҳамкорӣ мекунам ва доимо аз устодон маслиҳатҳо мегирам. Журналисти соҳибқалам Шоқаҳҳор Салимов ва муҳаррири аввалини барномаи «Рангинкамон» Ҳайдар Афзалов буданд, ки ба камина журналистикаи телевизиониро омӯзонданд. Ман ин ҳамаро чун устод медонам ва то ҳадди имкон, эҳтиромашонро ба ҷо меоварам.


Дар радифи дигар соҳаҳо соҳаи журналистика низ басуръат ривоҷ меёбад. аз назари шумо, журналистхабарнигори имрӯза бояд чӣ гуна бошад ва чӣ тавр кор барад?
– Пеш аз ҳама ҳар як корманди соҳаи васоити ахбори умум бояд ҳушёр ва огоҳ бошад. Инчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буданаш низ ба манфиати кори журналист аст. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ кор кардан мушкилиҳо дорад ва яке аз шартҳое, ки пеши кормандони ин соҳа гузошта мешавад, ин соҳиби фикри мустақил будани журналист аст. Ҳар як хабарнигор ва ё рӯзноманигор бояд ба ин ва ё он ҳолат муносибати худро баён карда тавонад. Андешаи худро дошта бошад. Ба кадом соҳа тааллуқ доштани масъала беаҳамият аст. Яъне, журналист гоҳ чун таҳқиқгар, гоҳ чун шифокор, гоҳо монанди иқтисодчӣ ё муаррих ба ин ё он ҳодисаву воқеа муносибат ва назари худро баён карда тавонистанаш лозим. Журналист хоҳад, ки дар соҳа пешқадам бошад, бояд пайваста меҳнат кунад ва барои такмили маҳорату таҷриба заҳмат кашад. Пешқадамии журналист дар худомӯзии ӯ ифода меёбад. Ба фаъолияти журналист хонандагон, тамошобинон, умуман гирем, халқ баҳо медиҳад.


Медонем, ки шумо ба Самарқанд бо сафарҳои корӣ бисёр меоед. шумо дар мардуми ин шаҳри куҳани ҳамешаҷавон бештар аз ҳама чиро меписандед?

– Самарқанд яке аз шаҳрҳои дӯстдоштаи ман аст ва мо аз чунин шаҳри азизу зебо доштан мефахрем. Ҳоло на танҳо мардуми Ватан, балки халқи дунё орзу мепарваранд, ки аз ин шаҳри куҳанзамин дидан кунанд ва бо тарзи зисти мардум, урфу одатҳои онҳо шинос шаванд.
Мардуми Самарқанд хеле самимӣ, бофарҳанг мебошанд ва баробари қадр кардани забони модарӣ, забони давлатиро низ пос медоранд. Ман аз мардуми ин шаҳри мубораку мукаррам ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ бисёр кӯмак дидаам.


Дар оянда барои боз ҳам зиёдтар кардани адади мухлисони барномаи «рангинкамон» чӣ нақшаҳо доред?
– Ният дорем, ки аз ҳаёти мардуми кишварҳои ҳаммарзи мамлакат чун Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ барномаҳо омода карда, пешкаши мардуми тоҷикзабон намоем. Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкории мустаҳкам бо мактабҳое, ки таълим бо забони тоҷикӣ аст, барқарорсозии робитаҳо бо гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олии кишвар ва зиёд кардани муддати пахши барнома дар назар аст.


Шумо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз маводе, ки дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» чоп мешавад, хабардор ҳастед. андешаҳои шумо дар бораи рӯзнома…
– Дар аввал ёдрас кардам, ки камина низ меҳнатро аз рӯзноманигорӣ сар кардам. Машаққат ва мушкилии ин касбро хуб медонам. Бояд гуфт, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамсоли барномаи «Рангинкамон» мебошад. Инак, тӯли 30 сол, бо заҳмати ҷамоаи меҳнатқарини таҳририяти рӯзнома мавқеи худро дар байни ҷомеа устувор намуд. Ҳоло таҳририяти «Овози Самарқанд» як муҳити адабии пурзӯрро мемонад, ки аҳли қаламу фарҳангро ба як ҷой ҷамъ овардааст. Шоёни таҳсин аст, ки дар назди таҳририят фаъолияти «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» аз нав ба роҳ монда шуд. Умед аст, ки дар оянда ин мактабро шогирдони зиёд хатм карда, барои ривоҷи матбуоти кишвар саҳм мегузоранд. Ман мехостам, ки дар тамоми вилоятҳо ин гуна ташаббус ва корҳои ташкилӣ татбиқ гарданд.
Мусоҳиб Ситора РАҲМОНБЕРДИЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ