БУЗУРГОН ДАР СИТОИШИ МОДАР

Бузургони илму адаб дар ҳама давру замонҳо Зан-Модарро мадҳу ситоиш кардаанд, ба мақоми зан дар ҳаёти башарият, дар тарбияи фарзандон, дар оилаву оиладорӣ ва зиёда аз ин дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа баҳои баланд ва шоиста додаанд. Чунки зиндагии зебо, дидаи бино, рушду камоли мардҳо ва тамоми хушиҳои зиндагӣ аз Зан-Модар аст. Наполеон Бонапарт дар ҳаққи модар чунин меорад: «Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Мо барои озодии миллату ободии кишвар пеш аз ҳама ба модарон ниёз дорем». Ё худ шоири шаҳири лаҳистонӣ Адам Митскевич овардааст: «Соати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Модар сарчашмаи зиндагӣ, мабдаи ҷомеи неъматҳои олам аст. Аз ин рў мо бояд тамоми умр аз ў сипосгузор бошем, номи муборакашро вирди забонҳо гардонем.
Ҳамду сано бод модареро, ки шоироне чун Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Румӣ, Хайёму Ганљавӣ, Унсуриву Анварӣ, Хусраву Камол, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Навоӣ, Ҳилоливу Биноӣ, Восифиву Сайидо, Бедилу Зебуннисо, Донишу Фитрат, Айниву Лоҳутӣ, Турсунзодаву Улуғзода, Лоиқу Бозор, Гулрухсору Фарзона ва боз ҳамаи модарони мову шуморо ба дунё овардааст.
«Зан фариштаест, ки дар бачагӣ парастори мо, дар ҷавонӣ комдиҳанда, дар пирӣ тасаллидиҳанда аст» /Андрей Моруа/.
Зан шахсест, ки дар зиндагӣ ба мо рўҳ ва нерў мебахшад, мушкилоти моро осон мегардонад, дар вазнинтарин лаҳзаҳои ҳаёт мададкори мо мегардад. «Зан шарики зиндагӣ ва ёри лаҳзаҳои дармондагӣ аст» /Иоҳан Ҳаёте/.
Зан шарики шодиву ғуссаи мост: «Зан беҳтарин доруи рафъи ғамҳост» /Антон Чехов/.
«Вақте, ки зан лабханд мекунад, дунё дар дасти мард аст» / Иоҳан Ҳаёте/.
«Зан расман мураббии мард ва тозанигаҳдорандаи ахлоқи ў мебошад» /Анатол Франс/.
«Зан-Модар на танҳо ба дунё фарзанд меофарад, балки ў инсонро тарбия мекунад» /Максим Горкий/.
Бузургтар аз модар шахсе нест дар олам: «Модар ягона худоест дар рўи замин, ки худошиносон намедонанд» /Э. Пабув/.
Шоирон дар васфи Зан-Модар суханони саршори меҳру муҳаббат гуфтаанд. Дар осори онҳо хислатҳои наҷиб ва ҳамидаи Зан-Модар қаламдод шудаанд, одаму одамгарии ў тавсиф гардидаанд.
Ба назар чунин мерасад, ки шоири бузург Мирзо Турсунзода беҳтарин ашъори худро дар ситоиши Зан-Модар гуфтааст. Чунончи, ў яке аз шеърҳои беҳтарини худро ба зан бахшидааст:
Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар оташ намебуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.
Оташи зан буд, ки мо сўхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Зан, пеш аз ҳама, Модар аст: Модар бошад, поя ва мояи зиндагист. Аз ин рў:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде зи роҳи модарон бошад.
Хок шав зери пои ў, ки биҳишт
Дар қадамгоҳи модарон бошад.
/Мавлоно Ҷомӣ/.
Модар мураббӣ ва тарбиятгари фарзанд, ғамхору мўниси насли башар аст. Ў фарзандро на танҳо ба олам меорад, балки ба воя ва камол низ мерасонад. Садриддин Айнӣ инро таъкидкунон гуфтааст:
Кист он кас, ки шири софу лазиз
Ба шумо аз ҷигар расонду чашонд,
Баҳри осоиши шумо аз хоб
Хест, гаҳвораи шумо ҷунбонд,
Шустушў карда дасту пои шумо,
Аз муҳаббат ба ҷои пок нишонд?
Кист ў? Албатта, Модар! Модаре, ки то ба камол расондани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳоеро, ки ба сар намебарад. Ва ранҷу машаққате, ки Модар дар парастории ҷигарбандаш мекашад, бемислу монанд ва қиёснопазир аст. Чӣ хуб фармудааст Амир Хусрави Деҳлавӣ:
Якшаба ранҷи ту, ки модар кашид,
Дар ду ҷаҳонаш натвон баркашид.
Набояд фаромўш кард, ки «Модарризо-ҳама ризо» гуфтаанд. Ва касе, ки ба модари худ содиқ нест, ба дигарон низ содиқ нахоҳад буд.
Ҳазрати Муҳаммад /с/ дар ҳадисҳояшон такрор-такрор таъкид менамоянд ва талқин мекунанд, ки мо нисбат ба зан некхоҳ ва бошафқат бошем, эҳтиромашро баҷо орем, ўро аз дилу ҷон дўст дорему як умр сипосгузораш бошем.
Чунончи, Пайғамбар /с/ фармуда:
«Беҳишт зери қудуми модарон аст».
Худ қазоват кунед: оё олитар аз ин баҳое дар ҳаққи Модар буда метавонад? Не, албатта ! Ва бесабаб нест, ки ин суханони Пайғамбарро басо шоирони бузурги форс-тоҷик дар осори худ истифода кардаанд ва дар асоси онҳо беҳтарин шоҳбайтҳои худро эҷод намудаанд.
Пас, месазад, ки Модарро муносиби қадру манзалаташ эҳтиром намоем, ба он ҳама некиҳое, ки дар ҳаққи мо зоҳир мекунад, бо садчанд некӣ ҷавобгў бошем, зеро, чунон ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: «Некӣ ба нисвон чун пардае хоҳад буд, ки шахсро аз оташи дўзах эмин дорад».
Идатон хуҷаста бод модарони азиз! Таҳияи Акмал Шерназаров

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ