Дар моҳҳои январ-феврал 265 нафар дар садамаҳои роҳ қурбон шуданд


Дар моҳҳои январ ва феврал дар роҳҳои мошингарди Ӯзбекистон 802 маврид садама рух дод, ки дар натиҷа 265 нафар кушта шуданд.
Дар ин бора маркази матбуъотии Бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
188 нафари қурбонон дар ҷойи воқеъа ва 77 нафар дар бемористон вафот карданд.
Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 724 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
212 мавриди ҳодисаҳои роҳ дар натиҷаи аз ҷойи муъайяннашуда убур кардани пиёдаҳо ва 105 маврид дар натиҷаи риъоят накардани ронандаҳо ба суръати муъайннашуда рух додааст. Ҳамчунин, дар 102 маврид надидани пиёдаҳо аз сӯи ронандагон ва дар 70 маврид дигар сабабҳо боиси рух додани садама шудааст.
Дар шаҳру вилояти Тошканд ва вилояти Намангон ҳодисаҳои роҳ нисбат ба дигар шаҳру вилоятҳо бештар рух додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ