Муайяна Хоҷаева: «Мақолаҳои нонавиштаам ҳоло бисёранд»

Муайяна Хоҷаева: «Мақолаҳои нонавиштаам ҳоло бисёранд»

Якҷоя бо сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов ба хонаводаи рӯзноманигори маъруфи Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева ташриф оварда, бо устоде, ки 80-солагии худро ҷашн мегирад, сӯҳбат кардем.

Хоҳарро бо иди имрӯза табрик кардем. Ӯ дар бораи эҷодиёти худ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бо ҳамкориҳои эҷодиаш Фарида Абдураҳимова ва Муқаддас Абдусаматова дар иштироки кушодани рӯзномаҳо ва барномаҳои телевизиони тоҷикӣ дар Самарқанд ҳаваскорона нақл кард.
Мо аз рӯзноманигори ботаҷриба сабақҳои зиёде гирифтем.

  • Ташаккур барои ташриф, — гуфт Муайяна. — Ман худро хуб ҳис мекунам диабети қанд низ номаълум шуд. Ҳанӯз корчалонам, мақолаҳои таҳлилӣ навишта ба таҳририят мефиристам. Ин суханон ба мо низ шодӣ бахшид.
  • Фармон Тошев
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ