Дар Ню-Йорк вазъияти фавқулодда эълон шуд

Дар Ню-Йорк вазъияти фавқулодда эълон шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар як шабонарӯз 21 нафари нав дар Ню-Йорк мубталои коронавирус шуданд ва шумори кулли беморон ба 76 нафар расид.
Эндрю Куомо, губернатори Ню- Йорк ҷорӣ шудани вазъияти фавқулоддаро эълон кард.
Ӯ дар нишасти матбуъотӣ гуфт, “Ман ба сурати расмӣ вазъияти фавқулодда эълон кардам. Дар ин вазъият мо ваколатҳои иловагӣ дорем”.
Ба гуфтаи ӯ, режими вазъияти фавқулодда имкон медиҳад, ки барои мубориза бо коронавирус кормандони иловагиро ҷазб кунанд ва дар бобати хариди маҳсулоти махсус ҷараёнҳои сареъро истифода баранд. Дар зимн, Куомо таъкид, кард, ки таҳдиди коронавирус паст аст.
Бар асоси додаҳои охирин, дар ИМА беш аз 300 нафар мубталои COVID-19 шудаанд. Вирус боиси марги 17 нафар шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ