Хавфи коронавирус: дар Ӯзбекистон мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ гузаронида намешавад

Хавфи коронавирус: дар Ӯзбекистон мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ гузаронида намешавад

  • Post category:Саломатӣ


Коронавируси COVID-19, ки маротибаи аввал дар Хитой аниқ гашта, баъдан дар мамлакатҳои зиёд паҳн гардид, тамоми оламро ба таҳлука меандозад. Имрӯзҳо вирус қариб дар 100 давлат муайян карда шудааст. Дар асоси ба инобат гирифтани вазъият бо мақсади таъмини иҷрои нишондод ва тавсияҳои аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон додашуда фармоиши Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қабул гардид. Бинбар он, тадбирҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ муваққатан гузаронида намешавад. Мақсад аз ин пешгирии вориди вирус ба Ӯзбекистон мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ