Дар Қазоқистон Рӯзи ҷаҳонии занон гузаронида нашуд. Чаро?

Дар Қазоқистон Рӯзи ҷаҳонии занон гузаронида нашуд. Чаро?

  • Post category:Ҷаҳон


Раисиҷумҳури Қазоқистон дастур дод маросими солонаи Рӯзи ҷаҳонии занон ба далели шуюи коронавирус баргузор нашавад.
Қосим Жормат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар паёме ба муносибати ҳаштуми март, Рӯзи ҷаҳонии зан, зимни табрики ин рӯз дастур дод аз бими густариши коронавирус дар Қазоқистон маросими умумии ин рӯзи муҳим имсол баргузор нашавад.
Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости, раисҷумҳури Қазоқистон дар як паёми твиттерӣ навишт, аз онҷое, ки ба саломат ва хушбахтии ҳамаи занони Қазоқистон дар ин рӯзи муҳим меандешам, аз онҳо мехоҳам аз ҳаргуна таҷаммуъ ва ҷашни умумӣ барои баргузории ин рӯзи муҳим худдорӣ кунанд, то мабодо ин бемории муҳлик домани онҳоро низ бигирад.
Токаев таъкид кард, ҳадаф, бекор кардани ҳаргуна таҷаммуъ аст, ки метавонад заминаи интишори бештари ин вирус дар кишвар бошад.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ