«Ҷон ба ивази нон, ё Худоҷон, нон» Муяссар нашуд дидани рӯйи нон, Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.

«Ҷон ба ивази нон, ё Худоҷон, нон» Муяссар нашуд дидани рӯйи нон, Басе халқ нон гуфта доданд ҷон.
  • Post category:Ҷаҳон


САЙИДО.
Ҷанги дуюми ҷаҳонии хонумонсӯз бо шиддат давом дошт.
Намози шом. Муяссар-холаву Тоҷихон-апа аз кори хоҷагӣ (колхоз) ба хона бармегаштанд ва аз пеши дари қаламкаш-хола, ин зане, ки бо қалам дар рӯйи суф нақшҳоро мекашид ва кашидадӯзҳо аз болои онҳо сӯзанӣ медӯхтанд, мегузаштанд. Чун ба дари он хона наздик омаданд, қаламкашхолаи ниҳоят андӯҳгинро диданд, ки сарашро ба куҷо задану чӣ кор карданашро намедонист. Вай ин ду нафарро дида, бо дили пурдарду илтиҷоомез ба онҳо рӯй овард:
– Хоҳаракони азиз, писаракам муддати дароз бо шиками гурусна дар саҳрои колхоз каланд зада, аз ҳол рафт. Рӯзи гузашта ба назди раис рафту ба музди кораш аққалан 2-3 кило гандум, ё ҷав пурсид. Аммо дар анбор ҳеҷ чиз набудааст (гандуму ҷав он солҳо асосан ба фронт фиристода мешуд). Раис ба музди меҳнати писарам як телогрейкаи (ҷомаи калтаи пахтадори бо мошинаи чокдӯзӣ лагандакардашуда) нав додаст. Ҳоло писаракам дар ҳолати азоби ҷонканӣ аст. Ҳамсоя як бурда қотурма ёфта овард, аммо ӯ қуввати хоида фурӯ бурдан надорад, маълум гардид, ки аллакай дер шудааст. Аз шумоён илтимос, ба наздаш даромада, суханҳои нарму тасаллиомез гӯед, шояд азоби ҷонканиаш осон шавад. Охир ӯ ҳамагӣ 15-сола аст, – гуфту ашк рӯяшро шуст.
Занҳо зуд ба хона даромаданд. Ҷавонписар дар тан ҳамон телогрейкаи нав рӯболо мехобид ва дар айни назъи ҷонканӣ буд.
Муяссар-хола бо суханҳои нарму тасаллиомез лаб ба сухан кушод:
– Писарҷони ширин, моён ҳозир хабари хушро шунидем, ба наздикӣ ҷанг ба охир мерасидасту нону хӯрок сероб мешудааст…
Хола суханҳои гӯшфорамашро ба охир нарасонида, ҷавон чашмони зебою беқувваташро каме во кард. Нигоҳи чашмонаш хеле пурмаъно буданд. Хост табассуме тӯҳфа кунад, аммо қувваташ нарасид ва ҷон таслим кард…
Ҳамин хел давраҳои душворе буданд он солҳо.
Касоне буданд, ки духтарони ҳанӯз ба балоғат норасидаашонро ба як пуд гандум ё ҷав иваз мекарданд…
Модарам нақл мекард:
– Рӯзе, маҳсулоти заминамонро дар бозори мадрасаи Биби хонум (Сиёби имрӯза) фурӯхта, ба воситаи майдони Регистон ба деҳа, яъне хона бармегаштам. Зане ба ивази «заборний», (номи асосиаш «Карточка на хлеб» – чиптае, ки аз тарафи ҳукумати шаҳр барои гирифтани нон дода мешуд, агар Худо накарда касе вайро гум карда монад, вой бар ҳоли он оила буд) аз дӯкони нон муддати дароз дар навбат интизор шуда, бо сад азобу талошҳо нонашро гирифта, дар халтааш пинҳон карда, ба хонааш мерафт. Аз ин писарбачаи гурусна хабар ёфта, нонашро зада гирифта гурехтааст. Вақте мардум ӯро дастгир карда, баргардондани нонро талаб карданд, ки агар надиҳад, мекушанд, ӯ аллакай ними нонро дар даҳонаш андохта, ними боқимондаашро дар синааш сахт пахш мекард. Бо даҳони пуру нимғурма чунин гуфт:
– Ман розӣ ҳастам, кушед. Фақат монед, ки ман пеш аз мурдан аз нон сер шавам ва ба орзуям расам…
Оре, он солҳои мудҳиши қаҳтиву қиматӣ бисёриҳо «Худоҷон, нон, Худоҷон, нон…» гӯён бо илтиҷо дар кӯчаву паскӯчаҳо ҷон медоданд. Ҳукумати шаҳр аз ин хабар ёфта, мурдаҳоро ба аробаи чорчарха бор карда, бурда, мегӯрониданд.
Шодмон АМОНУЛЛОЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ