Пайвандҳои забонӣ

Пайвандҳои забонӣ

  • Post category:Фарҳанг

Ислоҳ ва бартараф кардани нуқсонҳои мавҷудаи забони муосир яке аз вазоифи муҳим ва мубрам дар ҳаёти маънавии мост. Чӣ андоза муҳим будани ҳалли масъалаи мазкур дар забони адабӣ ва фарҳанг ба бисёр рӯшанфикрон маълум аст.
Дар бораи ғалатҳои забон мақолаву китобҳо навишта шудаанд. Ин мақолаҳо ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри XX интишор ёфтаанд. Вале, мутаассифона, қисми ками онҳо то ҳол ислоҳ шудаанд. Бахши аъзами он нуқсонҳои забон алҳол бартараф карда нашудаанд. Албатта, имрӯзҳо осори нависандагон ва рӯзноманигорони тоҷик аз лиҳози забон ва тарзи баён нисбат ба ду-¬се даҳсолаи қаблӣ нуқсонҳои забон дар таълифоти ишон камтар дида мешавад. Бисёри он ғалатҳои забон, ки аз ҷониби баъзе адибон нишон дода шудаанд, то ҳол рафъ нашудаанд. Дар китобҳои академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Забони мо ҳастии мост» ва дар бархе аз мақолаҳои қаламкашони дигар бисёр хатоҳои забони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд. Афсӯс, ки дар таи ин солҳо дар забони телевизион ва нутқи гуфтугӯии мардум беҳбудиеро кас намебинад. Агар дар ин масъала чораҷӯӣ ва тадбирҳое иҷро нагардад, дар панҷоҳ соли оянда низ ин ғалатгӯӣ ва ғалатнависиҳо ислоҳ нахоҳанд шуд. Зеро ин хатоҳо дар тӯли 70-80 соли охир дар забони адабӣ чунон ҳазм ва интишор шудаанд, ки дигарбора аз забон хориҷ кардан ва ё ислоҳ намудани онҳо душвор аст. Ҳама ба он истилоҳоту калимаҳои хато одат кардаанд ва аз ин рӯ, ин гуна вожаҳои ғалат ба назарашон дуруст менамояд. Як сабаби асосии то ҳол ислоҳ нашудани он калимаҳои хато бевуқуфии на танҳо аксари мардум, балки бисёри аҳли қалам аст, яъне бештари қаламкашон ва гӯяндагон нодуруст будани он вожаҳои ғалатро намедонанд, чунки дар ин бора чизе нахондаанд ва ё нашунидаанд. Бахши калони ин рӯзноманигорону муҳаррирони ҷавон фориғултаҳсилини донишкадаҳои суханшиносӣ ва рӯзноманигории тоҷикианд. Маълум аст, ки дар он донишкадаҳо дар бораи саҳву хатоҳои забони имрӯза сухан намегӯянд ва ин мавзӯъро дар дарсҳои алоҳида мавриди баҳс қарор намедиҳанд. Дар пайомади ин амал мо имрӯзҳо мешунавем ва мехонем, ки на танҳо мардуми оддӣ, балки худи гӯяндагон, хабарнигорон ва муҳаррирон хатоҳои забонӣ содир мекунанд ва касе ба онҳо ирод намегирад. Имрӯз ҳам хеле кам касон дурусту бехато гап задану навиштанро ёд гирифтаанд. Аксари нуқсонҳои забон, ки дар китобҳои М. Шакурӣ ва дар бархе аз мақолоти дигарон ба онҳо ишорат шуда буданд, мо ҳоло ҳам дар забони телевизион мушоҳида мекунем.
Масалан, баъзе кормандону хабарнигорони телевизион ба ивази зебоӣ – зебогӣ, ба ҷойи пешниҳод – таклиф, ба ҷойи рухсат ҷавоб додан, ба ҷойи навъ – намуд мегӯянд. Шаклҳои нодурусти калимасозӣ бо вожаҳои – «шавӣ» ва – «кунӣ», мисли пахтатозакунӣ, гармшавӣ ва ғайра фаровон истеъмол мешаванд. Ба забони телевизион таваҷҷӯҳи вижа зоҳир кардани мо беваҷҳ нест. Телевизион оммавитарин воситаи бархӯрди мардум бо забон аст. Дар сурате ки бештари мардум китобу рӯзнома намехонанд, телевизион маъмултарин шакли забономӯзии халқ маҳсуб мешавад.
Ман барои ислоҳи комили нуқсонҳои забони муосири тоҷикӣ чанд пешниҳод ва чораҷӯиҳо дорам, ки дар ин ҷо зикр мекунам. Аввалан, барои донишҷӯёни донишкадаҳои суханшиносӣ ва рӯзноманигорӣ дар омӯзиши раванди имрӯзаи забони адабии тоҷикӣ илова кардани дарсҳои махсусе роҷеъ ба ғалатҳои мавҷудаи он аҳамият дорад. Ҳар як донишҷӯ дар бораи нуқсонҳои забони муосир бояд маълумот дошта бошад. Ин чиз, махсусан, барои он донишҷӯёне, ки дар расонаҳо ва радиову телевизион дар оянда ифои вазифа карданӣ ҳастанд, зиёда зарур аст. Агар мисли пешина донишҷӯён ва донишомӯзонро танҳо ба аз ёд кардани қоидаҳо ва таҳлили ҷумла машғул дорем, сатҳи забондонии ҳақиқии онҳо боло намеравад. Бояд китобҳои дарсии забони форсии тоҷикӣ барои донишомӯзони дабиристонҳо аз ҳар гуна саҳву хатоҳо пок бошанд. Забони китобҳои дарсӣ замина ва бунёди асосии забономӯзии ҳар фард ба ҳисоб меравад.

Хуб мешуд, ки агар дар телевизион тоҷик лоақал ҳар моҳ як бор барномаи махсусе роҷеъ ба нуқсонҳои забони имрӯза таҳия мегардид. Дар ин барнома ашхоси забондон ва донишмандон аз ҷумлаи аҳли қалам ва бомаърифат даъват шуда, пиромуни ғалатҳои забони муосир баҳсу музокирот ташкил мекарданд, айни тақозои замон мебуд.
Ин гуна гуфтугӯ ва баррасиҳоро ба таври ҳамешагӣ ва муқарраран, то комилан рафъ шудани он саҳву хатоҳои забон бояд намоиш дод. Агар дар оянда ҳамин чораҷӯиҳо, ки дар фавқ аз онҳо сухан рафт, дар амал пиёда шаванд, пас ба ислоҳи тадриҷии нуқсонҳои забони адабии имрӯза умедвор шудан мумкин аст. Дар поён мо роҷеъ ба баъзе нуқсонҳои мавҷудаи забон андешаҳои худро иброз медорем.
«Баранда»
Решаи ин вожа «бурд» аст. Маъниаш ғолиб шудан, пирӯз гардидан. Масалан, фалонӣ бозии шоҳмотро бурд. Калимаи мутазоди он «бозанда» аст, яъне аз бохтан. Мисол, Шопур бозиро бохт. Ҳар ду вожа бо пасванди – анда сохта шудаанд, ки он аз қадимтарин пасвандҳои тоҷикист. Дар гуфторҳои телевизион ва баъзе расонаҳо калимаи «баранда» ба маънои роҳнамо, сарвар ва гӯянда истеъмол мешавад, ки чандон дуруст нест. Масалан, мегӯянд: Ин барандаи телевизион барномаро хуб ташкил кардааст. Дар ин ҷумла, сухан дар бораи гӯянда ва сухангӯи телевизион меравад. Дар ин маврид сухангӯй ва ё гӯянда гӯем беҳтар аст. Фикр мекунам, ки ин вожа ба ҳамин маънӣ дар солҳои охир таҳти таъсири калимаи русии «ведущий» пайдо шудааст. Дар забони русӣ калимаи мазкур ба маънии ташкилкунанда ва роҳбари ягон барнома ва гуфтори радиёву телевизион меояд. Таҳиёгарони барномаҳои радиёву телевизиони мо аз пайи тарҷумаи таҳтуллафзии он вожаи русӣ шудаанду аз маънии аслии калимаи «баранда» бехабар мондаанд.
«Қурби пул»
Аввалан бояд бидонем, ки маънии калимаи «қурб» чист. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ин вожа ба маънии наздикӣ, қарибӣ зикр шудааст, ки саҳеҳ аст. Мисол: «Ва дар қурби ӯ кӯҳест, ки аз Муҳит ҷаста…» (Аҳмади Дониш «Осори баргузида», Душ., 1976, саҳ. 114), «Ва қурби саду панҷоҳ ҳазор савори лашкари султон арз дода буданд» («Таърихи Систон»). Аз ин решаи калима вожаҳои «қурбат», «қаробат», «қарибӣ» ва «қурбо» пайдо шудаанд, ки аз лиҳози маънӣ ба ҳам наздиканд. Аммо дар 60-70 соли охир дар забони адабии мо ин калима комилан табдили маъно кардааст. Ба маънои «арзиш» ё «баҳо» истифода мешавад, ки қобили пазириш ба забони фарҳангӣ нест. «Қурби пул ё «қурби асъор» мегӯем, дар асарҳои илмӣ ва бадеӣ ин калимаро баъзан ба маънии «қиммати асар» ва ё арзи он истифода мебарем. «Қурби асар» гуфтан, яъне маънии «наздикии асар» гуфтан аст. Ва ҳол он ки муроди гӯянда ва муаллифон «арзиши пул» ва «қимату баҳои асар» аст. Масалан, дар ин китоби муфиди донишманди риштаи забон ва адабиёт Раҳими Мусулмониён «Назарияи адабиёт» (Душ. 1990) ин гуна ҷумлаҳоро мехонем, «… қурби илмии асари ӯ ҳатман мекоҳад» (ҳамон асар, саҳ. 62) – «Аз пайдоиши ихтилоф реализми асар зарар мебинад ва ба ин восита қурби асар паст мешавад» (ҳамон асар, саҳ. 316). Ин гуна мисолҳоро аз осори дигар адибон низ метавон пайдо кард. Баъзе забоншиносу адабиётшиносҳо ба маънии аслии калима иътибор намедиҳанд, чунки ба он одат кардаанд ва ба назарашон дуруст менамояд. Дар ин маврид низ мо бояд ба ҷойи «қурби пул» ё «қурби асар» ибораҳои саҳеҳи онҳо «арзиши пул ва ё асъор» ва «арзиши асар»-ро истифода барем.
«Расм» ва «сурат»
Маънои калимаи «расм»-ро бисёр касон медонанд. Он ба кашидани симои касе ё чизе ишора мекунад. Аз ин ҷо калимаҳои расмкашӣ ва рассом ба вуҷуд омадаанд. Аммо аккос сурату андоми касе ва чизеро бо дастгоҳи аккосии худ акс мекунад, яъне мисли рассом ё мусаввир онро намекашад. Чунонки мебинем, байни кору ҳунари рассом ва аккос тафовути калон ҳаст. Маънои вожаи «сурат» қиёфа ва андому чеҳра аст. Мо ба маъниҳои аслии ин калимаҳо таваҷҷӯҳ накарда, ин ду калимаро ба ҷойи «акс» истифода мебарем, ки саҳеҳ нест. Дар ин маврид ба ивази ин вожаҳо «акси фалон кас ё чиз» бояд бигӯем. Вагарна вақте ки мегӯем «расми он кас» ё «сурати фалон кас» калимаҳо аз маънии аслии худ хеле дур мераванд.
«Танқисӣ» ва «камбудӣ»

Аввалан баррасӣ кунем калимаи «танқисӣ»-ро. Дар забони муосир мо чунин ҷумлаҳоро мешунавем ва мехонем: мо аз нарасидани об танқисӣ мекашем. Мардуми ноҳия аз барқ танқисӣ доранд. Ба маънии «камбуд» ба кор бурда шудани калимаи «танқис» ҳаргиз дуруст нест. Ин вожа аслан арабӣ буда, решааш «нуқс» аст, яъне айб ё хато. Пасванди «ӣ» надорад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ин калимаро ба маънии «кам кардан» шарҳ додаанд, ки саҳеҳ нест. Муаллифи «Ғиёс-¬ул-¬луғот» онро ба маънии аслиаш, яъне «нуқс» тавзеҳ додааст. Вожаи «камбудӣ» низ дар мо ба маънои аслии хеш корбурд намешавад. Ин калима бидуни пасванди «ӣ» меояд, яъне камбуд. Чунончи, мехонем вожаи мазкур аз ду реша иборат аст: кам ва буд. Ин калима аз кам будани чизе далолат мекунад на аз нуқсон ё ғалате. Дар забони имрӯзаи мо калимаҳои «танқис» ва «камбуд» табдили ҷой карда, аз маънои воқеии худ дур рафтаанд. Ҳар дуи ин вожаҳоро ҳамзабонҳои мо дар Ирону Афғонистон ба маънои аслии худ истеъмол мекунанд: бояд дар ин маврид ин тур бигӯем: аҳли деҳа аз об камбуд доранд. Ноҳия аз ҷиҳати барқ камбуд дорад. Дар ин ҷумлаҳо аз кам будани обу барқ сухан меравад. Вақте ки дар бораи саҳву хатои асаре ҳарф мезанем, бояд калимаҳои «нуқсон», «саҳву ноқисиҳо»-ро ба кор барем на «камбудӣ»-ро.
«Ғиштбарорӣ», «сементбарорӣ»
Феъли «баромадан» ё «баровардан» ба чизе ё касеро аз ҷое ё маконе берун кардан, хориҷ шудан далолат мекунад. Дар забони муосири мо ҳангоме ки сухан аз истеҳсол ва тавлиди ягон молу ашё рафт, калимаҳое мисли «ғиштбарорӣ», «сементбарорӣ», «консервбарорӣ» ва ғайра ба забон оварда мешаванд. Ва ҳол он ки дар забони фарҳангӣ чунон ки қайд кардем, дар ин маврид «тавлид» ва «истеҳсол» вуҷуд доранд. Мисли «Корхона имсол нақшаи тавлиди ғиштро сад дар сад иҷро кард». «Корхона миқдори тавлиди консерви меваро сол аз сол афзун мекунад».
Калимасозиҳое мисли «ғиштбарорӣ» ва «сементбарорӣ» дар натиҷаи хеле авомона кардани забони адабӣ ва бедиққатӣ ба меъёрҳои он пайдо шудааст. Аз паи мардуми забоннодон рафта, забони пурсарват ва хушоҳанги тоҷикиро хароб карданд. Фикр мекунам, ки калимаҳое мисли «сементбарорӣ» дар таҳти таъсири забони ӯзбекӣ дар баъзе лаҳҷаҳои забон пайдо шуда, баъд ба забони адабӣ нуфуз кардааст. Зеро дар забони ӯзбекӣ чунин ибораҳое мавҷуданд: ишлаб чиқариш (кор карда баровардан).
«Хоҳари шафқат», «хидматчӣ»
Ин ду ибораю калима дар натиҷаи амали тарҷумазадагӣ дар забони имрӯза пайдо шудаанд. Ибораи «хоҳари шафқат» тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи русии «сестра милосердия», «медсестра» ва вожаи «хидматчӣ» тарҷумаи «служущий» аст. Қаламкашон дар вақти тарҷумаи ин калимаҳо ба забони классикӣ ва лисони ҳамзабонони хориҷӣ муроҷиат накардаанд. Вожаи «парастор» дар забони классикӣ вуҷуд дошт ва ҳоло низ ба ҳамин маънӣ корбурд мешавад. Мисол, «Парасторон ба хизмати ӯ муқаррар гардиданд» (Заҳири Самарқандӣ «Синбоднома», Душ. 1971, саҳ. 208). Баъзе қаламкашону тарҷумонҳои мо дар вақти тарҷумаи калимаҳои русӣ ба роҳи осон рафта, ба бархе калимаҳо зуд пасванди «чи»-ро часпонда калимаи нав месозанд. Вожаи «хидматчӣ» ҳамин тур пайдо шудааст. Масалан, мегӯянд: «Хидматчии артиши миллӣ ва ё «хидматчии фалон муассиса ва ё корхона». Ва ҳол он ки дар забони адабӣ дар ин мавқеъ калимаи «маъмур» вуҷуд дорад. Бояд бигӯем: «маъмури артиши миллӣ» ва «маъмурони фалон идораи давлатӣ». Калимаи «маъмур» дар ин ҷумлаҳо маънии «хидматчӣ»-ро комилан ифода карда метавонад. Калимаи «маслиҳатчӣ» низ ҳамин тариқ сохта шудааст. Зарур нест, ки он ба ҷойи калимаи классикии «мушовир» корбурд шавад. Ин гуна амали баъзе қаламкашонро ҳамчун пайомади дурӣ ҷустан аз забони классикӣ ва ҳамзабонон метавон маҳсуб кард.
«Доир ба», «оид ба», «нисбат»

Ин навъи пешояндҳои таркибӣ дар забони муосири мо нав аст. Пешояндҳои мазкур ҳамчун муродифҳои пешояндҳои «дар бораи», «роҷеъ ба» корбурд мешаванд. Чанд сол пеш пешоянди «роҷеъ ба» хеле маъмул буд. Ҳоло он қариб фаромӯш шудааст. Пешоянди «оид ба»-ро ба шакли соддаи «оиди» бисёр истифода мебаранд. Масалан, мегӯянд: «Оиди ин масъала бисёр гап задем». Калимаи «нисбат»-ро ҳам чун пешоянд истифода бурда, масалан мегӯянд: «Нисбати шумо гап бисёр аст». Ин пешояндҳо, ки ба ҷойи муродифҳои дурусти адабиашон «дар бораи», «роҷеъ ба» истеъмол мешаванд, чӣ дар тарзи содда ва чӣ дар шакли таркибӣ омада бошанд, дуруст нестанд. Зеро ин шакли пешояндҳо дар лисони адабиёти классикӣ ҳам ва дар забони ҳаммиллатони мо дар Хуросони Ҷанубӣ ва Ирон низ вуҷуд надоранд. Дар мо бояд забони классикӣ ва лисони ҳамзабонон барои дуруст сухан гуфтан меъёр бошанд. Имрӯз забони гуфтугӯии мардум барои забони адабӣ меъёр шуда наметавонад. Зеро он хеле хароб шудааст. Дар забони халқ ҳам пешояндҳои мазкур вуҷуд надоштанд. Ин шакли пешояндҳо дар забони муосир аз куҷо пайдо шуданд, маълум нест. Дар забони классикӣ ва лисони ҳамзабонон калимаҳои «оид», «доир» ва «нисбат» ҳастанд. Вале комилан ба дигар маънӣ меоянд. Калимаҳои «оид», «доир» ба шакли танҳо истифода мешаванд, вожаи «нисбат» ба пешоянди «ба» меояд. «Нисбат ба шумо чораҷӯйӣ хоҳем кард». Мисолҳо аз осори Аҳмади Дониш: «…рисолат ва сафорат миёни се кас доир аст» (Аҳмади Дониш «Осори баргузида», Душ. 1976, саҳ. 339). Чунонки хондем, дар ин ҷо калимаи «доир» ба вазифаи пешоянд наомадааст. Он ба маънии «ташкил шудан», «ба амал омадан» зикр гардидааст. «… Ва кораш ба хизматгории халқ ва гулхантобии ҳаммиаш оид шавад» (ҳамон асар, саҳ. 18). (Дар ҷумлаи мазкур калимаи «оид» ба маънии «амалӣ шуд» ва «ба вуқӯъ пайваст» омадааст.
«Чорабинӣ» ва «сарфакорӣ»
Шаклҳои классикӣ ва саҳеҳи ин вожаҳо «чораҷӯӣ» ва «сарфаҷӯӣ» аст: «Чун иттифоқи суханони ҳар ҳафт вазир бар чораҷӯии роҳи халосу раҳоии шоҳзода қарор гирифт…» (Заҳири Самарқандӣ «Синдбоднома», Душ. 1971, саҳ. 38). Ин калимаҳо аз лиҳози сохт мураккаб буда, решаи дуюми онҳо «ҷустан» маъниро возеҳтар ифода мекунад, яъне чора ҷустан, сарфа ҷустан. Албатта, шаклҳои калимаҳои «чорабинӣ» ва «сарфакорӣ» низ чандон ғалат нестанд. Ҳамин гуна маъниро баён мекунанд. Аммо шаклҳои классикии калимаҳоро як сӯ гузошта, аз забони пешгузаштагон ва ҳаммилатон фосила ҷустан ба созгор нест. Мо бояд бикӯшем, ки пайванди забонии тоҷикон қавӣ бошанд. Калимаҳои мураккаби «чорабинӣ» ва «сарфакорӣ» нав буда, аз забони классикӣ фосила доранд.
«Коҳиш»
Решаи ин калима «кост» аст, яъне кам шудан. Калимаи «коҳиш» аз ҳамин реша пайдо шуда, ба худ пасванди – ишро гирифта, вожаи нав сохта шудааст. Лекин маъниаш тағйир наёфтааст. Ба ҳамон маънии «кам шудан», «кам будан» ишорат мекунад:
Басе зорию лоба карду хоҳиш,
Наёмад дар ситези доя коҳиш.
Фахриддини ГУРГОНӢ.
Лекин баъзе аз қаламкашон, аз ҷумла нависандагон ин вожаро ба маънии сарзанишу маломат ба кор мебаранд, ки дуруст нест. Ба ҳамин маънӣ ин вожаҳо дар осори устодони сухан Сотими Улуғзода, Расули Ҳодизода, Фазлиддини Муҳаммадӣ ва дигарон мушоҳида шуд. Масалан, «худро ботинан коҳиш мекард» (Бароти Абдураҳмон «Шабҳои моҳтобӣ», Душ. 1986, саҳ. 48). «Коҳиш карда гаштааст» (Фазлиддини Муҳаммадӣ, куллиёт, Душ. 1990, саҳ. 105). Умуман забони насри муосири тоҷик калимоти ғалату иқтибосӣ бисёр дорад. Забони осори нависандагони муосири мо мавзӯи баҳси алоҳида аст. Дар ин ҷо танҳо ҳаминро метавон қайд кард, ки як сабаби нуқсонҳои забони адибони мо аз ноогоҳӣ аз насри муосири ҳамзабонон мебошад. Забони осори носирони тоҷик асосан дар заминаи забони қарни бистум устувор аст. Адибони мо асарҳои бадеиро асосан ба забони русӣ ва баъзе авқот ба забони ӯзбекӣ мутолиа мекарданд.
Саиди САЪДӢ .

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ