Азим Суюн вафот кард

Азим Суюн вафот кард


Имрӯз 9-уми март Азим Суюн, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон вафот кард. Дар ин бора, хизмати ахбори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон хабар додааст.
Азим Суюн 22 -юми феврали соли 1948 дар деҳаи Қудуқча, ки дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Нуратои вилояти Самарқанд ҷойгир аст, таввалуд шудааст. Вай дар деҳаи Накурт зери тарбияи бобояш Суюн ба воя расидааст.
Азим Суюн соҳиби маълумоти олӣ буда, факултети журналистикаро хатм намудааст. Вай дар нашри адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом, Кумитаи давлатии матбуоти Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, рӯзномаҳои “Халқ сӯзи”, “Ӯзбекистон овози” ва журнали “Гулистон” кор кардааст.
Ӯ ноиби Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва аъзои Академияи маданият ва санъати ҷаҳон мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ