Ваксина бар зидди коронавирус кай сохта мешавад

Ваксина бар зидди коронавирус кай сохта мешавад

  • Post category:Саломатӣ


Ҳоло коронавирус дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон паҳн шуд. Ҳамарӯза ҳазорон нафар мубталои COVID-19 мегарданд.
Ҳанӯз ваксинае, ки метавонад барои пешгирии паҳншавии коронавирус кумак диҳад, вуҷуд надорад.


Ваксина бар зидди коронавирус кай сохта мешавад?
Олимон то ҳол чанд навъи ваксинаро сохтанд ва самарбахшии онҳоро дар ҷонварон озмоиш мекунанд. Агар тест натиҷаҳои мусбат диҳад, дар марҳилаи баъдӣ, ҳамин сол онро дар беморон озмоиш хоҳанд кард.
Вале, ҳатто дар сурате, ки олимон то соли нав ваксинаро месозанд, барои истеҳсоли густурдаи он вақти зиёд лозим аст.
Агар ба вазъият воқеъбинона назар кунем, омода шудани ваксина ҳадди ақал то миёни соли 2021 вақт мехоҳад.
Давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки ваксинаро дар муддати кӯтоҳ созанд. Аммо дар ҷараёни омодасозии он усулҳои нав истифода мегарданд ва ҳеч кас кафолат намедиҳад, дар поён натиҷаи пешбинишуда ба даст меояд.
Шоёни гуфтан аст, ки дар ҳоли ҳозир 4 навъи коронавирус мавҷудд аст ва бар зидди ягонтои онҳо ваксина нест.


Оё ваксина ҳамаи мубталоёнро наҷот медиҳад?
Мутаассифона, мумкин аст, ки ваксина дар мавриди пиронсолон камтаъсир бошад. Гап дар сари ваксина нест, муаммо ин ҷост, ки системаи иммуни беморони солхӯрда ба ваксина дар ҳадди кофӣ вокуниш (реаксия) нишон намедиҳад. Чунин ҳолро ҳамасола ҳангоми эмкунии одамон бар зидди грипп мушоҳида кардан мумкин аст.
Илова бар ин, ҳамаи доруҳо таъсири чандҷониба доранд, ҳатто парасетамол. Вале бе баргузории озмоиши зарурӣ дар бораи таъсирҳои иловагии намунаи ваксинаҳо чизе гуфтан душвор.


Вақте, ки ваксина пайдо нест, инсон бояд чӣ гуна худро ҳифз кунад?
Ваксина метавонад одамонро аз инфексия ҳифз кунад. Аммо, ҳоло беҳтарин роҳи ҳимоя ин риъоя кардан ба қоидаҳои гигиенӣ аст.
Аксарияти мубталоёни вирус дар оғоз нишонаҳое доранд, ки эҳсос намешаванд.
Дар ҳоли ҳозир чанд дору барои мубориза бо коронавирус озмоиш мегардад. Вале, душвор аст, ки ягонтои онҳо дар мубориза бо COVID-19 боэътимод эътироф шавад.
Барои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба коронавирус инсон бояд дасти худро муназзам бишӯяд, ҳангоми атса даҳону биниро бо дастрӯмол пӯшад ва дасти худро ба рӯ нагузорад.


Ваксина чӣ гуна сохта мешавад?
Ваксина бояд бе ягон шикаст ба системаи иммуни бемор онро бо вирус, ё бактерияи зарарнок “шинос” кунад. Дар ин ваъият бадан аз “душман”-и худ огоҳ мешавад ва мубориза бо онро ёд мегирад.
Вақте бадан ваксинаро қабул мекунад, системаи иммун ҳангоми рӯбарӯшавии баъдӣ бо вирус онро мешиносад ва медонад, ки чи тур бо ӯ мубориза кунад.
Дар даҳсолаҳои охир ваксинаҳо бо намунаҳои ҳақиқии вирус омода мегаранд.
Масалан бар зидди бемории сурхак намунаи заъифшудаву камтаъсири вирус истифода мегардад.
Ваксинае, ки бар зидди гриппи мавсимӣ истифода мешавад, бар асоси вирусе, ки беш аз дигар навъҳо дар мавсим паҳн мешавад, омода мегардад. Ҳангоми сохтани ваксина он безарар карда мешавад. Дар раванди сохтани ваксина бар зидди коронавирус услубе ба кор бурда мешавад, ки вақту захираи кам тақозо мекунад. Ба хусус, аз парчаҳои коди генетикии вирус ваксина омода мегарад.
Олимон, ки коди генетикии коронавируси Sars-CoV-3-ро медонанд, метавонанд ваксинаеро созанд, ки он сафедаҳои патогенӣ истеҳсол ва вокуниши зарурии иммуниро ҳосил кунад.
Олимон аз ҷумла, усулеро истифода мекунанд, ки дар он парчаҳои коди генетикии коронавируси Sars-CoV-3 бо вирусҳои безарар ба одамон иваз мешаванд.
Чунин “ваксинаҳои генетикӣ” аз ҷиҳати назарӣ бояд ба афзоиши муборизаи системаи иммун кумак диҳад.
Дар баъзе вазъиятҳо парчаҳои ДНК ва РНК-и бедоркунандаҳои беморӣ мустақиман ба бадан ворид карда мешаванд. Онҳо бо ворид шудан ба бадан истеҳсоли сафедаҳои патогениро оғоз мекунад ва системаи иммун мубориза бо ин сафедаҳоро ёд мегирад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ