Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: Дуои халқ иҷобат мешавад

Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: Дуои халқ иҷобат мешавад

Дарахти дӯстие, ки 2 сол пеш шинонда шуд, самар медиҳад.

Азоби роҳро мусофирон хуб медонанд. Дар гузаштаи наздик мо дар бораи мушкилоти сарҳадоти байни ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон бисёр шунида, гувоҳ ҳам шудаем. Аз канда шудани равуо ва мулоқоти рӯбарӯйи тӯли чоряк аср хешу табор, бародару хоҳар ба якдигар қариб бегона шуда буданд.

Ҳарчанд ба шаҳодати таърих тоҷикону ӯзбекон бо ҳам тавъаманд ва агар шоирона гӯем, «ду тори як дутор», «ду шоҳи як дарахт» ҳастанд.

Оре, дар таърихи инсоният ҳам ин як воқеаи нодир аст, ки ду халқ аз лиҳози антропологӣ, тарзи зист, олами маънавӣ ба ҳам хеле наздику қаринанд.

Аз ин лиҳоз мо, дар ҳақиқат, муштоқи дидори якдигар будем.

Чунонки шоире фармудааст:

Гар ба зоҳир аз ту дурам, дур фаҳмидан хатост,
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.

Ниҳоят, рӯзе, ки интизораш будем, расид. Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9-10 марти соли 2018 ба шаҳри Душанбе ва имзои санадҳои сарнавиштсоз бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асл дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ва мардумони бо ҳам ошно ва дӯсту бародар воқеаи таърихӣ буд. Ин сафар барои вусъати ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ва ба сатҳи нави сифатию миқдорӣ баровардани онҳо имкон фароҳам овард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар Кохи Борбад изҳор дошт: “Ман имрӯз бо сарҳадҳои кушод ва бо дили боз омадам. Ман имрӯз ба бародарам Эмомалӣ Шарифович дарвозаи бози рамзиро туҳфа кардам. Бигзор ин дарвозаҳо дигар ҳеҷ гоҳ баста нашаванд. Рӯзҳои таърихии 9-10-уми март даврони ба дунё омадани муносибатҳои нави мо хоҳанд шуд. Сарнавишти Тоҷикистон сарнавишти Ӯзбекистон, ояндаи халқи тоҷик ояндаи халқи ӯзбек ҳам мебошад”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар “Шоми дӯстӣ” таъкид кард: “Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад”.

Чунин суханон, ки аз забони сарварони ду ҷумҳурӣ садо доданд, қалби на фақат мардумони ин ду кишвар, балки аҳолии минтақаро низ шоду масрур карда, ба рушди муносибатҳои ду давлат нерӯ ва таъсири бузург бахшиданд.

Ман чун журналист ва муаррих шоҳиди бисёр воқеаҳо дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ шудаам. Аммо воқеаеро, ки бо чунин муҳиту натиҷаҳои хубаш якбора дили миллионҳо нафарро шод карда бошад, дар ёд надорам. Муҳимтар аз ҳама, он санадҳое, ки дар аснои ин боздид ва сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд (17-18 августи соли 2018) ба имзо расида буданд, дар амал татбиқ мешаванд.

Дар байни пойтахтҳо парвози ҳавопаймоҳо, дар байни баъзе шаҳрҳо бо назардошти эҳтиёҷот ҳаракати автобусҳо роҳандозӣ шуданд. Раводид (виза) бекор карда шуд. Имрӯз дар сарҳадоти муштараки ду ҷумҳурӣ 17 гузаргоҳ амал мекунад. Гузаргоҳи “Ойбек” (Ӯзбекистон) ва “Фотеҳобод” (Тоҷикистон) барои равуои мардум ва ҳаракати ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт тамоми шабонарӯз кушода мебошад. Муносибати кормандони гумрук ва сарҳад самимӣ ва меҳмондӯстона аст. Онҳое, ки аз ин гузаргоҳҳо ба ин ё он тараф мегузаранд, хусусан, калонсолон дар ҳаққи сарварони ду давлат дуои нек мегӯянд, шукри ин рӯзҳои нек мекунанд. Оре, дуои халқ иҷобат мешавад. Илоҳо, ба ин рӯзҳои хуш чашм нарасад.

  • Ҳамсарам солиёни дароз аз дарди сутунмуҳра дар азоб буд. Шифокорон маслиҳат доданд, ки ба мутахассисони нейрохирургияи Тошканд нишон диҳем, — мегӯяд сокини шаҳри Истаравшан Имомназар Худойназаров. — Бидуни ягон мушкилӣ ба Тошканд омадем. Кормандони шуъбаи нейрохирургияи Академияи тибби Тошканд моро хуб пазируфтанд. Дасти ҷарроҳони ин ҷо сабук будааст. Аз онҳо сипосгузорем. Ҳоло саломатии ҳамсарам хуб аст.

Комилҷон Абдураҳмонов, дотсенти кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси шифокорони Тошканд, дорандаи медали “Шуҳрат” мегӯяд:

  • Ба шифохонаи мо, хусусан, аз вилояти Суғди ба вилояти Тошканд ҳамсарҳад беморон меоянд. Ман дар оилаи академик Фозил Абдураҳмонови духтур ба дунё омадаам. Донишкадаи тиббии Душанберо хатм кардаам. Бо тақозои тақдир дар Тошканд кору зиндагӣ мекунам. Ба дарди ҳамдиёрон марҳам шудан барои ман бахти бузург аст. Дар навбати худ медонам, ки беморон барои табобатгирӣ аз вилояти Сурхондарё ба муассисаҳои тиббии Душанбе мераванд.

Аббос Ҳазратқулов, раҳбари ширкати сайёҳии “Бӯстон”-и шаҳри Самарқанд мегӯяд:

  • Баъди он, ки сарҳадҳои ду кишвар боз шуданд, ба Самарқанди куҳан аз Тоҷикистон сайёҳон бисёр меоянд. Мо онҳоро аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрамон баҳраманд менамоем. Бо назардошти дархости сайёҳон доираи хизматрасонӣ, хусусан, адои хизмати меҳмонхонаро ба сатҳи нав баровардем. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҷойҳои нави кор барпо кунем. Ман зодаи шаҳри Ургут ҳастам. Ҳама хуб медонанд, ки ургутиҳои муқими шаҳри Душанбе барои равнақи соҳибкорӣ дар мамлакати ҳамсоя ва дӯст саҳми назаррас доранд. Чанде пеш ман аз шаҳри Панҷакент гузашта, ба воситаи ағбаи Анзоб ва масканҳои зебову дилрабои Варзоб ба Душанбе рафтам. Дар он ҷо ҳам имконоти сайёҳӣ вусъат ёфтааст. Ман ният дорам, бо соҳибкорони тоҷик лоиҳаҳои самарабахшро татбиқ созам.

Маҳсули ин гуна ҳамкориҳоро дар ҳамаи соҳаҳо дидан мумкин аст. Профессор Сабур Абдуллоев аз олимони маъруфи соҳаи физика аст. Ӯро дар берун аз Тоҷикистон ҳам мешиносанд.

  • Чанд сол пеш барои иштирок дар анҷумани илмие, ки дар Куала-Лумпур баргузор мегардид, аз сабаби он ки раводиди Ӯзбекистонро надоштам, аз Душанбе ба Маскав ва аз Маскав ба Малайзия парвоз карда будам, — мегӯяд ӯ. — Ҳоло бемалол ба Тошканд омада, аз ин ҷо ба гӯшаҳои мухталифи дунё парвоз кардан мумкин аст.

Дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд имрӯз молҳои истеҳсоли Ӯзбекистонро бисёр дидан мумкин аст. Соҳибкорони тоҷик ба зарбулмасали “Ангур зи ангур гирад ранг, ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд” амал карда, бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондаанд. Қарордодҳои баимзорасидаи ду ҷониб, хусусан, вилоятҳои ҳамсарҳад (масалан, Самарқанду Фарғонаву Суғд) намунаи беҳтарини ҳамкориҳоро намоиш медиҳанд. Инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, кимиё, саноати сабук ва озуқаворӣ назаррасанд.

Чунин робитаҳои судманд дар соҳаи адабиёт ва санъат низ мушоҳида мешаванд. Зеро мардумони мо аз азал дӯстдори фарҳангу адабиёти якдигар буданду мебошанд. Зиндагии Мирзо Турсунзода, ки бо адиби ӯзбек Ғафур Ғулом дӯстии мустаҳкам дошт, ибратбахш аст. Зеро шоири тоҷик ҳар дафъае, ки аз кишварҳои гуногуни дунё ба Тошканд меомад, гӯё ба хонаи худ омада бошад, ба ҳавлии дӯсту бародараш Ғафур Ғулом ташриф меовард. Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон соли гузашта ба муносибати 108-умин солгарди Мирзо Турсунзода бо иштироки адибони тоҷик маҳфили хотирмон ташкил кард.

  • Мо ҳамин зайл рӯҳи устодонамонро шод мекунем, — мегӯяд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим. — Шумораи 6-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” ба адабиёти ӯзбек бахшида шуд. Намунаҳои беҳтарини эҷодиёти халқи бародарро ба мухлисони адабиёт армуғон кардем. Ҳамон сол шумораи 4-уми “Жаҳон адабиёти” асарҳои адибони моро ба муштариёни ӯзбекзабон туҳфа кард. Мо ҳоло барои гузаронидани маҳфили адабӣ бахшида ба хотираи адиби шаҳири ӯзбек Эркин Воҳидов омодагӣ мегирем.

Дӯсти мардумони Ӯзбекистон, ҳунарпешаи беҳамто Ҷӯрабек Муродов пас аз солҳои тӯлонӣ ният дорад, тобистони соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар барномаҳои консертиашро баргузор кунад.

  • Аслан, забони сарояндагон забони дӯстиву бародарист, — мегӯяд акаи Ҷӯрабек. — Дар ин роҳ ман ҳамеша собитқадам будам ва чунин хоҳам буд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис зикр кард, ки Ӯзбекистон соли ҷорӣ низ муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои судбахшро, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя идома хоҳад дод. Оре, сафарҳои таърихии президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти давлатҳои якдигар фазои мусоиди дӯстиву ҳусни якдигарфаҳмӣ, муҳити сулҳу осоишро барои халқҳои ду кишвар ва ҳатто минтақа фароҳам овард.

Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, ки фармудааст:

Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Дар замони пур аз таҳлука ва хатарнок ин гуна муҳит пояи сулҳу ҳамбастагии байни мардумон хоҳад шуд.

Муаллиф: Шоқаҳҳор Салимов, рӯзноманигор

Махсус барои Asia- Plus

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ