Дар Эрон аз сабаби хуруҷи коронавирус 70 ҳазор зиндониро озод карда мешаванд


Як раҳбари низоми адлияи Эрон гуфт, ки ин кишвар бо сабаби хуруҷи коронавирус дар кишвар 70 ҳазор зиндониро озод мекунад. Оҷонсии хабарии “Мизон” дар нақли қавл аз Иброҳим Раисӣ, як мақоми низоми додгустарӣ гуфт, ки “озодкунии зиндониҳо ба ҳадде, ки дар ҷомеа ноамнӣ эҷод нашавад… идома хоҳад кард”.
Феълан маълум нест, ки оё зиндониҳои озодшуда ба зиндон бархоҳанд гашт ё на ва агар баргарданд, кадом фурсати замонӣ дар озодӣ ба сар хоҳанд бурд. Дар саросари ҷаҳон беш аз 110 ҳазор ҳодисаи тасдиқшудаи гирифторӣ ва беш аз 3800 ҳодисаи марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Дар Эрон шумори гирифторони коронавирус 6566 нафарро ташкил медиҳанд ва 194 ҳодисаи марг бар асари ин беморӣ тасдиқ шудааст.
Мақомоти эронӣ мактабу донишгоҳҳоро баста, баргузории маъракаҳои азими фарҳангиву варзиширо манъ карданд ва дар корхонаҳо соатҳои кориро ҳам коҳиш доданд. Коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки эҳтимолан мақомот мизони воқеии гирифтории мардуми ин кишвар ба коронавирусро пинҳон мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ