Пули миллии Қазоқистон дар муқобили доллар 4,5 фоизи арзишашро аз даст дод. Сабаб чӣ буд?

Пули миллии Қазоқистон дар муқобили доллар 4,5 фоизи арзишашро аз даст дод. Сабаб чӣ буд?

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев амр дод, ки дар паи коҳиши нархи нафт ҳукумат бояд хароҷотро коҳиш диҳад. Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон рӯзи 9-уми март бо пахши изҳороте дар як ҷаласаи изтирории ҳукумат гуфт, президент дар ҷаласа таъкид кардааст, ки бо вуҷуди шурӯи ҷанги нархи миёни Арабистони Саудиву Русия, ҳукумати Қазоқистон ӯҳдадориҳои худро дар заминаи таъмини кор, ҳифзи суботи моливу пулӣ дар бозор иҷро хоҳад кард. Тоқаев як гурӯҳи вижаро барои санҷиши хароҷоти буҷа таъсис дод. Дар ҳамин ҳол, субҳи 9-уми март пули миллии Қазоқистон дар муқобили доллар 4,5 дарсади арзишашро аз даст дода дар муқобили 382 тангаро ташкил дод. Пеш аз ин Арабистони Саудӣ нархи нафтро фавқулодда поин бурд. Тасмими поин бурдани нархи нафт, ки дар ду даҳсолаи гузашта рекордӣ будааст, баъди он амалӣ шуд, ки OPEC ва муттафиқонаш натавонистанд дар амри коҳиши истеҳсоли нафт ба мувофиқа расанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ