Турнири Гран-прӣ баргузор намегардад. Сабаб…


Рӯзҳои 14-17-уми марти соли ҷорӣ дар Дубай турнири Гран-прӣ, ки ба Бозиҳои паралимпии Токио 2020 роҳхат медиҳад, бояд баргузор мегардид. Аммо, аз сабаби коронавирус, ки ҳоло дар тамоми дунё доман паҳн мекунад, мусобиқа мононда шуд.
То ҳол Кумитаи байналмилалии паралимпӣ дар бораи кай ва дар куҷо баргузор шудани мусобиқа маълумоти амиқ надодааст.
Вакилони ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон ба ин мусобиқа дар шаҳри Дубай тайёрӣ диданд. Пагоҳ делегатсия ба шаҳри Тошканд бармегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ