Сарвазир Абдулло Орипов дар моҳи апрел Тоҷикистон меравад

Сарвазир Абдулло Орипов дар моҳи апрел Тоҷикистон меравад
  • Post category:Ҷаҳон


Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки ҳамраисонаш сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, нимаи дуюми моҳи апрел дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Дар ҷаласаи навбатӣ асосан ба баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши он дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илмиву техникӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар ин ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар соли равон мувофиқа мешавад.
asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ