Дар маркази Душанбе баландтарин табақи суманак гузошта шуд

Дар маркази Душанбе баландтарин табақи суманак гузошта шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар майдони «Дӯстӣ»-и маркази шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бино ба иттилои манба аз 1-уми март то 20-уми апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад.
Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 23:00-и шаб идома меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ