То 30-юми апрели соли равон мусобиқаҳои варзишии қитъавӣ баргузор намешаванд

То 30-юми апрели соли равон мусобиқаҳои варзишии қитъавӣ баргузор намешаванд
  • Post category:Варзиш


Федератсияи байналмилалии дзюдо бинобар сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар бисёр давлатҳои ҷаҳон аз лағви мусобиқаҳои варзишӣ то 30-юми апрели соли 2020 хабар додааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Дар робита ба идомаи авҷи вируси COVID-19 дар ҷаҳон, бад шудани ҳолат дар бисёр давлатҳо, сафар кардан ба кишварҳо хатарнок шудааст. Бинобар ин ҳар гуна чорабиниҳои ҷамъиятӣ лағв шуда истодаанд. Мо низ барои ҳимояи оилаи дзюдочиён, ҳамчунин дидани чораҳо барои бехатарӣ ҷиҳати барҳам додани мусобиқаҳо қарор қабул кардем», — омадааст дар баёнияи Федератсияи байналмилалии дзюдо.
Тибқи ин қарор то 30-юми апрели соли равон мусобиқаҳои дзюдо, аз ҷумла Гранд Слами Екатеринбург, Гранд Прии Тбилиси, Гранд Прии Анталия ва мусобиқаҳои дигари варзишии қитъавӣ баргузор намешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ