Бемории кронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

Бемории кронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?
  • Post category:Саломатӣ


Коронавирус аз лиҳози таъсир ба нишондиҳандаҳо (индекс) ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз ҳамаи эпидемияҳои қаблии бемориҳои хатарноки асри XXI гузашт. Коршиносони ДИР ба номи Г.В. Плеханов таъсири хуруҷи COVID-19, Эбола, зукоми хук ва паранда, инчунин илтиҳоби ғайримуқаррарии шушро ба бозорҳо муқоиса намуда, чунин хулоса баровардаанд. Муаллифони таҳқиқот нархи тилло, нафт, нишондиҳандаҳои тиҷорати электронӣ, инчунин нишондиҳандаҳои технологии ИМА ва Чинро дар давраи эпидемияҳои гуногуни бемориҳои хатарнок дар асри XXI муқоиса кардаанд, хабар медиҳад «Известия».
Маълум шуд, ки эпидемияҳои қаблӣ ба иқтисодиёт ва нишондиҳандаҳои саҳомӣ таъсири ҷиддӣ нарасонда буданд, ҳарчанд фавт аз онҳо аз бемории коронавирус зиёдтар аст. Коршиносон зарба ба иқтисодиёт аз COVID-19-ро на оқибатҳои худи беморӣ, балки чораҳои мубориза бар зидди он шарҳ медиҳанд.
Бино ба зикри коршиноси ДИР ба номи Г.В. Плеханов Денис Домашенко, бар хилофи эпидемияҳои қаблӣ, бино бар сабаби зуд паҳн гаштани коронавирус ба берун аз Осиё ба иқтисодиёт таъсир мерасонад. Таъсиррасонӣ аз ҳисоби инъикоси фаъоли ВАО вусъат меёбад.
Ҳангоми сар задани илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш дар соли 2003 ҳиссаи Чин дар ММД танҳо 4% буд, ҳоло он беш аз 16% аст ва мушкилоти иқтисоди Чин ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъсири бештар дорад, гуфт стратеги сармоягузори «ВТБ Мои Инвестиции» Барри Эрлих.
Аз рӯи натиҷаҳои сол, Россия вусъати рушдро дар сатҳи 0,7% нишон дод, ки ин аз пешгӯиҳои расмӣ камтар аст, чунин меҳисобад сариқтисодчии ширкати консалтингии «Капитал» Евгений Надоршин. Ба гуфтаи ӯ, агар дар саросари ҷаҳон сатҳи беморӣ боло равад, пас иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар як сол то 1,5% коҳиш хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ