“Спецназ”-и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рафт


Дастаи беҳтарини Хадамоти махсуси нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рафт. Рӯзҳои 11-14 март дар размоишгоҳи Фахрободи кишвари ҳамсоя размоиши муштараки хадамоти махсуси ду кишвар барпо хоҳад шуд. Имрӯз низомиён бо ҷойи баргузоршавии размойиш ошно мегарданд.
Ҳадаф аз ин размоиш, ки дар он худравҳои зиреҳпӯш ва чархболҳо низ истифода мешаванд, амалиёти муштарак барои аз байн бурдани гурӯҳи террористии шартӣ дар марзи миёни ду кишвар аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин размоиши муштараки сарбозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2018 дар маркази омӯзишии “Чоррух-Дайрон” ва размоишгоҳи “Нурафшон”-и устони Суғди Тоҷикистон баргузор шуда буд. Моҳи сентяби соли гузашта чунин размоиш дар размоишгоҳи “Ғурумсарой”-и вилояти Намангон барпо шуд.
Манбаъ: ТоҷикТА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ