ИМА хурӯҷи сарбозонашро аз Афғонистон оғоз кард

ИМА хурӯҷи сарбозонашро аз Афғонистон оғоз кард

  • Post category:Ҷаҳон


ИМА хурӯҷи сарбозонашро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ин бора DW ба нақл аз Сонни Леҷетт, намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон хабар додааст.
Дар муддати 135 рӯз шумори низомиёни омрикоӣ дар қаламрави Афғонистон то 8600 нафар коҳиш хоҳад ёфт.
Дар зимн, нерӯҳои мусаллаҳи ИМО ширкати худро дар амалиётҳои зидди “Ал-Қоида” ва Давлати исломӣ” ва пуштибонии нерӯҳои амниятии Афғонистонро идома хоҳанд дод.
Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон 13 ҳазор нафар сарбози ИМА ва НАТО қарор доранд. Ҳудуди 8 ҳазор нафар сарбози омрикоӣ дар маъмурияти омӯзишии НАТО – “Пуштибонии қотеъона” ва боқӣ дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 феврал ИМО ва Толибон тавофуқномаи сулҳро имзо карданд, ки бар асоси он, нерӯҳои мусаллаҳи омрикоӣ дар як муддати муъайяншуда аз Афғонистон комилан хориҷ мешаванд.
Манбаъ: ТоҷикТА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ