Дар ҷануби ғарбии Чин қабристонеро пайдо карданд, ки таърихи чандҳазорсола дорад

Дар ҷануби ғарбии Чин қабристонеро пайдо карданд, ки таърихи чандҳазорсола дорад
  • Post category:Ҷаҳон


Бостоншиносон дар вилояти Сичуани воқеъ дар ҷануби ғарбии Чин мазореро пайдо карданд, ки беш аз 2 ҳазор сол таърих дорад.
Дар ин бора хабаргузории Синхуа имрӯз хабар дод.
Қабристон мутааллиқ ба даври Набарди подшоҳиҳо (солҳои 475-221, қабл аз мелод) буда, дар шаҳристони Сюи вилояти Сичуан ҷойгир аст. Калонтарин қабри мазор 7,9 метр дарозӣ ва 1,6 метр умқ дорад. Дар дохили ин қабр 70 дона ашё ҳифз шуда, онҳо аз бронза, нефрит ва керамика сохта шудаанд. Чэн Вэйдун, раҳбари гурӯҳи бостоншиносон таъкид кард, ки онҳо арзиши бебаҳои таърихӣ доранд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ашёи пайдошуда муаррифкунандаи тамаддуни бостонии Ба мебошад, ки дар замиони худ қаламрави имрӯзаи вилояти Сичуан ва шаҳри марказии Чунсини воқеъ дар ҷануби ғарбии Чинро фаро мегирифт,

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ