Чин омода аст, ки барои кумак мутахассисонашро ба Италия фиристад

Чин омода аст, ки барои кумак мутахассисонашро ба Италия фиристад

  • Post category:Ҷаҳон

Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар раванди мулоқоти телефонӣ бо Луиҷи ди Майо, ҳамтои италиягии худ гуфт, ки кишвараш барои кумак ба Италия дар роҳи мубориза бар зидди коронавирус омода аст.
Дар ин бора сайти ВКХ Чин хабар додааст.
Ван И гуфт, ки Чин пуштибонии Италияро, ки дар замони душвори кишвараш карда буд, фаромӯш намекунад. Ӯ ҳамбастагии худро бо мардуми Италия изҳор кард. ҳамчунин ба гуфтаи Ван И, ҳоло чанд вилояту шаҳр ва ширкатҳои Чин омода ҳастанд то ба Италия кумак диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шумори мубталоёни коронавирус дар Италия то 10 ҳазору 149 нафар афзоиш ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ